Маърифати ҳуқуқӣ баҳри пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани арзишҳои олии инсон ва шаҳрванд

Маърифати ҳуқуқӣ бахри пешрафти ҷомеа ва  баланд бардоштани арзишҳои олии инсон ва шаҳрванд.

Масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии  шаҳрвандон дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуъҳои меҳварӣ маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2023сол ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ » эълон гардид. Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ин замина баланд бардоштани арзишҳои олии инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосир мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин ҳамчун як масъалаи муҳим дар ҷомеаи имрўза ба ҳисоб меравад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ва ба ҷо овардани талаботҳои он баҳри пешрафти ҷомеа ба  баланд бардоштани арзишҳои олии инсон ва шаҳрванд имкони зиёд фароҳам меоварад.

Дар моддаи 14 Конститутсия омадааст, ки «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷиткистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд»

Дар баланд бардоштан ва ҳифзи арзишҳои олии инсон ва шаҳрванд муқаррароти мазкур кафолатдиҳанда буда, дар таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ мақоми калиди дорад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон медиҳад, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошанд, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Аз ин рў ҳар як фарди ватандусти ҷомеаро зарур аст, дар ин ҷода ҳиссагузор буда, дар ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятиро тибқи меъёрҳои амалкунанда ба ҷо орад.

Шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст. Бо риояи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ пешрафти ҷомеа рушд намуда давлату миллат дар байни дигар миллатҳо ҳамчун як давлати обруманд дониста мешавад.

Дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, пешрафт муяссар гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегарданд. Дар шароити кунунӣ дар рушду инкишофи ҳар як ҷавон нақши бориз доранд. Чунки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол ва неруи бунёдкору  созанда буда, нисбат ба қишрҳои дигари ҷомеа бештар фаъолу серҳаракат, ҳамчун умеду такягоҳи давлат ва миллат мебошанд. Чуноне Сарвари давлат иброз доштанд, “рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.”  Зимнан бояд гуфт, ки агар қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Дар давлате, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя ва эҳтиром карда мешаванд, рӯ ба инкишоф меорад.

Маърифати ҳуқуқӣ ин воситаи  муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа ба шумор рафта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи таритиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эњтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дар чаҳорчубаи қонун мақарар шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеи, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад. Дар шароити имрўза вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва  рушди равандҳои демократӣ аҳамияти  маърифатнокии ҳуқуқӣ ба маротиб боло рафтааст. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонад фаъолияти шахсро дар доираи муайянкунандаи қонун ва тартибот таъмин созанд.

 

Мутахассиси шуъбаи судӣ

криминалистии МҶЭС ва К ВА ҶТ                                 Саидаҳмадзода С.

 



Яндекс.Метрика