Донистани мафҳуми ҳуқуқии коррупсия зарур аст!

Донистани мафҳуми ҳуқуқии коррупсия зарур аст!

Коррупсия аз қадим боз дар шаклҳои гуногун зуҳур намудааст, яъне ин кирдор таърихи тўлонӣ дорад.Он дар ҳар як давлат дар дараҷаҳои гуногун мавҷуд аст. Ин ҳолат зарурати омўзишу баррасии мафҳуми коррупсияро, пеш аз ҳама на танҳо ҳамчун мушкилоти криминологӣ, балки ҳамчун кирдори иҷтимоӣ-ахлоқӣ ба миён меорад. Ба ақидаи бисёре аз муаллифон, истилоҳи “коррупсия” маънои васеъ дорад.  Коррупсия аз калимаи лотинии “corrumpere” ё “corruptio” гирифта шуда, маънояш ришва, вайроншавӣ, таҳриф ва таҷовуз мебошад. Дар маҷмўъ, коррупсия ин сўиистифода аз мансаб, додани пора, гирифтани пора, сўиистифода аз ваколат, ришвахории тиҷоратӣ ё истифодаи дигари ғайриқонунии мақоми мансабии шахси воқеӣ бар хилофи манфиатҳои қонунии ҷомеа ва давлат бо мақсади ба даст овардани фоида дар шакли пул, арзишҳо, дигар молу мулк ёхизматрасониҳои хусусияти амволӣ мебошад. Коррупсия шакли қаллобӣ ё фаъолияти ҷиноятӣ мебошад, ки аз ҷониби шахси воқеӣ ё ташкилот бо мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ амалӣ карда мешавад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия, санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттањид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё, аз ҷумла ҷумҳурии мо низ ба ин конвенсия имзо гузоштанд. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатњои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми махсус таъсис дода шудааст. Ба зиммаи мақомоти номбурда вазифаҳои муҳиму мураккаб гузошта шуда, онҳо ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор равона карда шудаанд. Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлати мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт иқдом намуд. 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия” қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шуданд. Ҳамзамон, “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои марҳилаи якум (солҳои2021-2025) қабул гардидаанд.

Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар низоми хизмати давлатӣ шарти муҳимми фаъолияти муътадили ҳамаи сохтору мақомот ва риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад”.Дарвоқеъ, дар самти пешгирии амалҳои дорои хислати коррупсионӣ, дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷомеа ва намояндагони касбу кори гуногунро низ ҷалб намудан зарур аст. Зеро муқовимат ба коррупсия, паст намудани шиддати он, пеш аз ҳама аз шуурнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, муборизаи фаъолона ва дастаҷамъонаи афроди ҷомеа бар зидди ин амали номатлуб вобастагии зич дорад.

                         Исмоил МАҲМАДУЛЛОЗОД,

           мутахассиси пешбари  шуъбаи иқтисоди  



Яндекс.Метрика