“Пешвои миллат-поягузори ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об”

       “Пешвои миллат-поягузори ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об

Тоҷикон чун офарандаи арзишҳои маънавии инсоният дар ҷаҳон назир надоранд. Амали ташаббускорӣ дар миллати тамаддунофари тоҷик аз замони пеш мавҷуд буд ва ин имрӯзҳо тавассути ворисони Сомонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Тавре, ки таърих нишон медиҳад, ҳанӯз аз замонҳои қадим  аввалин донишмандон, аввалин файласуфон ва умуман дорандагони дониш ва муаррификунандаи он дар дунё миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Муддате ин ташаббускориро зулми таърих аз мо гирифт аммо,  бо баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва роҳбари тоҷикон интихоб гардидани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хислати ташаббускории тоҷикон дубора баргашт. Аммо ин маротиба на ба дигар давлатҳои ҳамсоя балки ба дунё бо баромад намудан дар минбарҳои сатҳи байналмилалӣ дошта, тоҷикон аввалин ташаббускорон доир ба масъалаҳои гуногун гардиданд. Яке аз масъалаҳое, ки дар замони муосир инсониятро ба ташвиш овардааст ин дигаргун шудани иқлим ва таъсир расонидани он ба ҳаёти одамон мебошад. Дар даҳсолаи охир бо сабаби фаъолияти инсон иқлими замин дигаргун шудааст, ки агар баҳри ҳифзи ин амале анҷом дода нашавад, тамоми мавҷудоти дунё рӯ ба нестӣ хоҳанд овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ нињоят  бой буда   ба сифти яке аз ин сарватҳои гаронарз  об баромад менамояд. Қариб аз нисф зиёди захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошанд. Дар ҳудуди кишвари дилфиреби мо миқдори зиёди дарёҳо, кулу обанборҳо ва пиряхҳо мавҷуд мебошанд. Миқдори зиёди пиряхҳои он солҳост, ки  дар куҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон мавқеъ гирифтаанд. Ин пиряхҳо ба сифати захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамоянд. Аммо аз сабаби истифодаи нодурусти табиат ва арзишҳои он, махсусан вайрон намудани муҳити зист бо таъсири инсон ва гармшавии иқлими ҷумҳурӣ дар солҳои охир обшавии пиряхҳои чандинсола ба қайд гирифта шудааст, ки ин  њар як фарди љомеаро водор месозад то дар ин самт бетараф набуда, баҳри ҳифзи муҳити зист тадбирҳои заруриро андешем. Беэътиноӣ зоҳир намудан нисбати ин масъала ояндаи ҳаёти инсонит ва муҳити зистро ба вартаи фоҷиабор оварда мерасонад. Тағйирёбии иқлим, масъалае мебошад, ки на танҳо таваҷҷуҳи як ё ду давлат, балки таваҷҷӯҳи кулли башарият бояд ба он нигаронида шавад.  Новобаста ба ин ки ба як зумра давлатҳои алоҳида ба захираҳои обӣ эҳтиёҷманд ҳастанд ё не бояд барои расидан ба ҳадафҳои глобалӣ якдигарро дастгирӣ намоянд. Чунки масъалаи баррасишаванда тамоми ҷаҳонро фарогир мебошад, ва он муттаҳидии кулли сайёраро тақозо менамояд. Кишварҳои дунёро зарур аст, тамоми иқдомоти дар соҳаи об ва ҳифзи муҳити зист  ба миён омадаро дастгирӣ намуда, баҳри ҳифзи кураи замин ва башарият амалҳои лозимаро анҷом бидиҳанд.

Ягона кишваре, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир намуд ва оламро аз ин хатар    воқиф  намуд,  кишвари  Тоҷикистон  дар   симои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари тоҷикон аз минбари бонуфузи ҷаҳонӣ  Созмони милали мутаҳид баромад намуда, тамоми миллати сайёраро барои ҳифзи арзишҳои табиат аз ҷумла, волотарин сарват об чун сарчашмаи зиндагӣ дар кураи замин даъват намуданд. Шурӯъ аз даҳаи гузашта аввалин иқдом дар ин соҳа ҷараён гирифта буд. Аввалин кӯшиши Пешво ба ин масъала аз аввали садаи 21 яъне, аз соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, баъдан дар ҳамбастагӣ ба ин “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт”, барои  солҳои 2005-2015, “Соли байналмилалӣ дар соҳаи об” барои  соли 2013, аввалин ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.  Масъалаи дигари бо ин амалҳо алоқаманд ин аст, ки бо пешниҳодоти чунин ташаббусҳо дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори кишвари соҳибистиқлоли мо ба маротиб меафзояд. Ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро оламиён ҳамчун кишвари ботамаддун ва аз мушкилоти муосир дар канор набуда мешиносанд. Имрӯз ватани маҳбуби мо чун миллати ташаббускор ва бунёдгузори иқдомҳои байналмилалӣ ба мардуми дунё муаррифӣ гардидааст. Ғайр аз ин Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳон чун сиёсатмадори дурандеш ва гуманист эътироф гардидааст.

Амали дигар дар ин соҳа ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 мебошад, ки аз иқдомоти муҳимтарин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ арзёбӣ мегардад. Барномаи мазкур дар назди давлатҳои иштирокдори он уҳдадориҳои навро ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо дар соҳаи об мегузорад. Ин иқдом бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки дар асоси амалҳои содирнамудаи инсоният дар кураи замин аз қабили фаъолияти истеҳсоливу саноатӣ ва амалҳои хусусияти зуроварона дошта имрӯз сайёраи Заминро хатари азими тағйирёбии иқлим ва норасоии маҳсулоти аввала таҳдид менамояд. Бо таъсири фаъолияти инсон ва расидани давлатҳои абарқудрат ба ҳадафҳои сиёсии худ аҳамият доир ба ҳаёти минбаъдаи инсон дар кураи замин  ба ёди фаромушӣ супорида шуда буд.  Махсусан нарасидани оби нушокӣ дар кураи замин аз ҷумлаи мушкилоте мебошад, ки хатари он на ба давлатҳои алоҳида балки ҷаҳонро таҳдид менамояд. Аз сабаби норасоии об ҳамасола дар миқёси ҷаҳон нафарони зиёд танқисӣ мекашанд ва қисме аз онҳо аз норасоии ин муъҷизаи табиат рӯ ба нестӣ  меоранд. Ҳазорон нафар аз оби тоза маҳруманд.    Яъне, ҳарчанд ки дар ҳоли ҳозир ҷаҳонро чандин хатароти дигар аз қабили амнияту иқтисодиёт таҳдид менамояд, аммо мушкилоти асосии замони муосир захираҳои обӣ ва ҳифзи онҳо баромад менамоянд, зеро дар сурати мавҷуд набудани об ва захираҳои обӣ дар минтақаи муайян,   мавҷудоти онро хатари нестшавӣ таҳдид менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати бо ҷаҳон дар як радиф қарор гирифта, аз ин мушкилоти ҷаҳонӣ дар канор намебошад. Ҳарчанд ки дар кишвари мо аз ин  сарвати бебаҳои табиат фаровон мавҷуд  бошад, аммо дар солҳои охир нестшавии пиряхҳо чун захираҳои бузурги об ба назар мерасанд. Солҳои охир дар ҳудуди кишвари мо обшавии пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст, ки боиси ташвиши мардум ва роҳбарият гардидааст. Нобудшавии пиряхҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба қайд гирифта шудааст, ки ин фарогирии ҷумҳуриро бо мушкилоти глобалӣ далолат менамояд.

Албатта, тағйирёбии иқлим ба сифати мушкили муосир ва глобалӣ пеш аз ҳама ба ҳолати пиряхо, захираҳои бузурги об ва сатҳи оби баҳру уқёнусҳо бетаъсир намемонад. Дар кишвар тайи солҳои охир гармшавии иқлим ба назар мерасад ва натиҷаи ин аст, ки ин захираҳои бузурги об, ки солҳост дар кӯҳҳои мо доман паҳн намудаанд кам шуда истодаанд. Баҳри ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ самаранок истифода намудани сарчашмаи об дар кишвар дар асоси барномаҳои таҳияшуда бисёр ба маврид мебошад. Дар асоси он истифода намудани тамоми захираҳои табиат бояд ба он нигаронида шаванд, то ба иқлим ва муҳити зисти мо таъсири манфӣ нарасонанд. Ин ҳама вақте имконпазир мегардад, ки  мо  ҳифзи муҳити зистро ба назар гирифта пешравии илмиву техникии худро дар асоси муқаррароте, ки ба муҳити зист таъсир нарасонанд ба роҳ монем.  Мақсади асосии ташаббускории Пешвои миллат дар соҳаи об огоҳонидани мардуми сайёра аз хатари норасоии об ва зарурияти таъкиди ҳалли масъала ва дар сурати набудани ҳалли он роҳҳои пешгирӣ намудани ин тағйиротҳо мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро чун поягузори ташаббусҳои байналмилалӣ  дар соҳаи об эътироф намудааст. Мо Тољикон ифтихор аз он дорем,  ки махсусан дар ин самт Пешвои миллатамон аввалин шуда наќши ин ташаббускориро пешаи мардонаги ќарор додааст.

 

 



Яндекс.Метрика