Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовни якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Ализода Нигина ба ҷаласаи Шўро ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳбахшида дар суханронии худ қайд кард, ки  Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 № 136 тасдиқ шудааст, бо мақсади мутобиқсозии фаъолият ва расонидани ёрии ташкилию методӣ ба масъалаҳои такмили фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ амал мекунад.

Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон, қарорҳо ва амрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва Низомнома   дастури амал қарор медиҳад.

Вазифаҳои Шӯро инҳои  мебошанд:

– таҳлили самтҳои афзалиятноки рушди экспертизаи судӣ ва дар асоси он таҳияи тавсияҳои илми-методӣ ва таъмини меъёрии ҳуқуқии фаъолияти судию экспертии давлатӣ;

– иштирок дар муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ташкилӣ ва гузаронидани экспертизаи судӣ;

– баррасии маводи методӣ оид ба ташкил ва истеҳсоли экспертизаҳои судии комиссионӣ ва комплексӣ, ки бо иштироки муассисаҳои судию экспертии давлатии вазоратҳо ва идораҳои дахлдор иҷро мегарданд, инчунин таҳияи тавсияҳо доир ба татбиқи онҳо;

– тайёр намудани пешниҳодот оид ба ҳалли масъалаҳои баҳсноки экспертизаи судӣ бо мақсади таъмин намудани амалияи ягонаи илмию методӣ дар таҷрибаи экспертӣ, тайёрии касби ва тахассусии экспертҳо дар асоси дастовардҳои навини илмӣ, техникӣ ва методикӣ;

– баррасии масъалаҳои унификатсияи (паспортизатсия, сертификатсияи) таъминоти методии экспертизаи судӣ;

– тайёр кардани тавсияҳо барои дар амалияи экспертии муассисаҳои судию экспертии давлати, методикаҳои эксперти, шаклу воситаҳое, ки аз тарафи вазорату идораҳо ҷори намудани гуногун таҳия карда мешаванд;

– таҳияи пешниҳодоте, ки ба такмили таҳсил ва аттестатсияи кадрҳои эксперти равона карда шудааст;

– баррасии масъалаҳо доир ба тартиби табодули маълумотҳои илмӣ-техникӣ ва ахборотии экспертизаи судӣ.

 



Яндекс.Метрика