ТАНЗИМ. ҚОНУНЕ, КИ ХУРОФОТРО ПЕШГИРӢ ВА ЗОҲИРПАРАСТИРО АЗ БАЙН БУРД

ТАНЗИМ. ҚОНУНЕ, КИ ХУРОФОТРО ПЕШГИРӢ ВА ЗОҲИРПАРАСТИРО АЗ БАЙН БУРД
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиест, ки дар беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши басо созгор дорад. Ҳарчанд дар меҳвари Қонуни мазкур манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон, сарфаҷӯйӣ, пешгирии хурофоту зоҳирпарастӣ қарор гирифта бошад ҳам, бархе сокинон муқаррароти онро риоя намекунанд, ки оқибат чораҷӯиҳои ҳуқуқӣ низ дорад.
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи қонунҳои сирф миллӣ ба ҳисоб рафта, аз қабули он 15 сол сипарӣ гардид. Аз нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки ин санади ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва аз байн бурдани исрофкориву зоҳирпарастӣ нақши мунир гузоштааст.
– Дарвоқеъ вақт собит намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қабули саривақтӣ ва муҳим буда, он барои аз байн бурдани хурофотпарастӣ, намоишкорӣ ва бенизомӣ дар баргузории маъракаю маросим ва ҷашнҳои мардумӣ мусоидат мекунад. Агар ба маълумоти оморӣ рӯ оварем, пас маълум мегардад, ки Қонун дар давраи амали худ самараҳои хубро дод. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳисоби камхарҷ гузарондани маъракаҳо тавонистанд ба манфиати худ маблағҳои зиёди пулиро сарфаҷӯӣ намоянд. Хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун то се маротиба кам гардид. Ҳамзамон, амали Қонун барои кам гардидани забҳи чорвои калон ва хурд шароит фароҳам оварда, барои нигаҳ доштани чорвои наслдеҳ мусоидат намуд. Айни замон ба ҳисоби миёна дар ду маърака як чорво рост меояд. Шумораи зиёди шаҳрвандон барои гузарондани маъракаҳояшон гӯштро аз дуконҳо дастрас менамоянд. Дар маҷмуъ, Қонун дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон, нигаҳ доштани буҷети хонаводагии онҳо аз исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда хидмати шоиста намуд.
  Соли гузашта ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқан ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйироти дахлдор бо мақсади такмили талаботи қонунгузорӣ вобаста ба мушаххас намудани баъзе маҳдудиятҳо дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз 25 июни соли 2021, таҳти № 1792 ба тасвиб расид. Ба Қонун моддаи 142 илова карда шудааст, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузарондани ҷашну маросим муқаррар намояд. Зимнан, тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи ин Қонун пурзӯр карда шуд. Мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба шахсони воқеӣ ба андозаи яксаду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Дар асоси қисми 2 ҳамин модда барои риоя накардани талаботи қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин ба андозаи ҳафтсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар шудааст. Тибқи қисми 3 моддаи номбурдаи Кодекс барои дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, инчунин, дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран вайрон намудани тартиби гузарондани анъана ва ҷашну маросим ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсаду панҷоҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад, ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи нуҳсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ мешавад. Пас аз ворид гардидани тағйироти мазкур дар қонунгузории амалкунанда ҷиҳати коҳиш додани ҳолатҳои қонуншиканӣ ва пешгирии эҳтимолияти содиршавии онҳо аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар байни мардум ва кормандони соҳа пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат мегиранд.


Яндекс.Метрика