Филми мустанади «Шикасти фитна»

Дар Маркази чумхуриявии экспертизаи суди ва криминалистии   Вазорати адлияи Чумхурии  Точикистон  санаи 27 майи соли ҷорӣ дастаҷамъона дар толори бинои марказ филми мустанади «Шикасти фитна» ба намоиш гузошта шуд. Ин ташаббус ҷиҳати таҳкими саводи сиёсии  кормандон ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва огоҳии онҳо аз вазъи ҳаводиси сиёсии мамлакат ва ҷаҳон ба роҳ монда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки филми “Шикасти фитна” дар бораи омилони бетартибиҳои охир дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳия гардида, дар он парда аз ниқоби хиёнаткорон бардошта шудааст. Кормандон  баъд аз тамошои филм байни ҳам табодули афкор намуданд.

              Аз   кормандон даъват ба амал оварда шуд, ки миёни ҷавонону наврасон, ки қишри осеппазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, тарғибу ташвиқи ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳимояти марзу буми ватан ва фирефта нашудан ба дасисаҳои хоинони миллат корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар роҳандозӣ гардад.

 



Яндекс.Метрика