Ҷаҳон дар пешорўи хатарҳо

Терроризм-таҳдиду фишороварӣ, ғасби ҳокимият намудани, сарнагун кардани, таҷовуз, аз ҷониби гурўҳи одамон ба ҷомеа, ҳокимият, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иктисодӣ идеологӣ, геополитикӣ аз имкониятҳои гуногуни тарҳрезишуда равона гардидааст.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуҳуқӣ: «Ҷиноят ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, содир намудани таркиш, сўхтор,тирпаррони аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре мебошад, ки боиси марги одамон, расонидани зарари ҷидди  ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигар кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, таҳдиди аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокисмият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷоми кирдорҳои зикршуда мебошад».

Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу арос гузоштан мебошад, экстремизм бошад, даъват ба ноороми ва ғасби ҳокимият аст. Ҳаракатҳои террористӣ гуногун буда,онҳоро асосан ду унсури умуми бо ҳам муттаҳид менамояд: аввал, онҳо барои халалдор сохтани тартиботи ҷамъияти ва суст намудани ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд, дигар ин ки ҳаракатҳо дар ањолӣ ҳиссиёти тарсу оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Дар асл ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки зуҳуроти хатар инсонро дар ҳама давраҳо ҳамроҳи намуда, рўз то рўз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳаққиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи он пешбини шуда бошад, ҳам то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муайян нашудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон чун қайд карданд: дар арсаи байналмиллалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духўрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст».

Аз ҳама ташвишовараш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористиву экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиору арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии одамон таъсир мерасонанд.

Вазъи имрўзаи ҷаҳони муосир сохторҳои қудративу низомиро водор месозад, ки самти фаъолияти худро ба таври ҷидди тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Фаъолияти гурўҳу созмонҳои террористӣ рўз аз рўз васеъ гашта, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсояи мо вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро пешорўи ин хатар умуми тақозо менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ борҳо таъкид намудаанд, ки террорист ватан миллат ва дину мазҳаб надорад.

Дар замони муосир гурўҳҳо ё ташкилотҳои террористиро мушаххас муайян намудан ғайриимкон мебошад. Чунки  ҳамаи ҳаракатҳо ва самтҳои сиёсиву динии хусусияти экстремисти дошта, аз усули террор, сарнагунсози ҳокимият дар муборизаи сиёсии худ ба таври махфи истифода мебаранд.

Тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон имрўз баҳри несту нобуд кардани ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ равона карда шудаанд.

Ин зуҳуроти номатлуб, ки аксаран ба дин такя намуда, аз шиорҳои динӣ истифода бурда, ба дини мубини ислом рабте надоранд, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусалмонии сайёра зарар мебинанд.

Ба назар мерасанд, ки баъзе созмонҳои террористӣ аз ҷониби як қатор давлатҳо ошкоро пуштибони ёфтаву маблағгузорӣ мешаванд. Фаъолияти ин созмонҳо ба поймолшавии ҳуқуқиинсон, дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳоғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдакон равона шудаанд.

Сарчашмањо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурўҳҳои терористӣ, экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурўҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷойи аниқи кор, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзанддон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем.



Яндекс.Метрика