Роҳбарият

Роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва
криминалистии назди  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидзода Бахтиёр Шариф

Сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Саидзода Бахтиёр Шариф 12 июни соли 1973 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Донишгоҳи ш.Қурғонтеппаи ба номи Носири Хисрав ва соли 2007 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз иҷрои вазифаҳои гуногуни хизматии давлатӣ шурӯъ кардааст.

Аз соли 2012 муовини Сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2013-2014 дар вазифаи Сардори Маркази ҷумњуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумњурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2014 то 2015 дар вазифаи Сардори Раёсати Судиҷрочиёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда аст.

Солҳои 2015-2016 дар вазифаи Сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2016 то моњи майи соли 2018 Сардори Раёсати адлияи Вилояти Хатлон кор карда аз моҳи майи соли 2018 то инҷониб Сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тољикистон кор мекунад.

Рутбаи ҳарбии генерал-майор дорад.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Эмин Қосимзода
Муовини сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Эмин Қосимзода 21 январи соли 1981 дар деҳаи  Хистеварзи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1999 дар донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, дар факултаи  Иқтисодчи  бо ихтисоси «Бухучёт ва аудит» дохил шуда  онро соли 2004 хатм намудааст.

Маълумоти дуюми худро соли 2008 дар Федератсияи Руссияи шаҳри Москав  дар Донишкадаи Муосири маълумоти академикии ба факултаи «Ҳуқуқшиноси» дохил шуда, бо ихтисоси Ҳуқуқшинос соли 2011 онро хатм намудааст.

Соли 2006 эксперти дараҷаи 2-юми Филиали Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалисти  дар вилояти Хатлон фаъолияти худро оғоз намудааст.

Соли 2007 бо фармони Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори филиали Марказ таъин шуда то соли 2016 фаъолият намудааст. Аз соли 2016  бо фармони Вазири адлия муовини сардори маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалисти таъин шуда то ин ҷониб фаъолият дорад.

Беков Алишер Ҷумабоевич
Сардори шӯъбаи ташхиси судӣ-хатшиносӣ

24 январи соли 1974 таваллуд шудааст. Соли 1991 -1996 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон факултаи ҳуқуқшиносиро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро аз феврали соли 2004 ҳамҷун эксперти дараҷаи 1-юми филиали дар вилояти Хатлонбудаи Маркази ҷумхуриявии санҷишгоҳи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Аз 01 январи соли 2005 сол ба шӯъбаи судӣ-криминалистии Маркази ҷумҳуриявӣ  гузаронида шуд.

Аз соли 2016 то инҷониб сардори шӯъбаи хатшиносии Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалисти назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.

Акрамов Валиҷон Акбарович
Сардори шўъбаи экспертизаи судии молшиноси

19 июни соли 1976 дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Миллаташ точик. Соли 1998 Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси молшинос хатм намудааст. Аз соли 1998 то соли 1999 хизмати харбиро адо намудааст.

Соли 2001 фаъолияти кории худро дар шуъбаи экспертизаи судии автотехники оғоз намуда, дар нимсолаи дуюми 2001 ба шўъбаи экспертизаи суди молшиноси интиқол шуда, ба хайси сармутахассиси шўъба фаъолият намуда, аз соли 2016 сардори шўъбаи экспертизаи судии молшиноси таъин гардида фаъолияти худро то инҷониб идома дода истодааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Усмонов Ахадҷон Рахматович
Cардори шӯъбаи экспертизаи судии техникаи нақлиёти Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ

Мавсуф соли 1977 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Дар Лабораторияи (Озмоишгоҳи) илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судии (ЛИТЭС) Вазорати адлияи ҷумҳурӣ аз моҳи январи соли

1980 дар вазифаи эксперт-автотехник (коршиноси садамаҳои роҳу нақлиётӣ) ба кор шурӯъ намудааст.
Мавсуф дорои ҳуқуқи мустақилона иҷро намудани хулосаҳоро бо тахассуси 7.1; 7.2 ва 7.3 мебошад.

Соли 1985 ӯро сардори шӯъбаи экспертизаи автотехникии ЛИТЭС-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамоянд. Муддате вазифаи муовинии сардори Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судиро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1985 то соли 1990 Аҳадҷон Усмонов аъзои Шӯрои илмӣ-методӣ доир ба тадқиқи объектҳои экспертизаи судии Институти умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотиии экспертизаҳои судии собиқ ИҶШС интихоб шуда буд.

Вай якчанд маротиба дар муассисаҳои экспертии собиқ ИҶШС дар шаҳрҳои Маскав, Алмаато ва Тошканд такмили ихтисос гузаштааст. Соли 1989 Институти умуми иттифоқии такмили ихтисоси кормандони адлияи ИҶШС-ро (ҳоло Академияи ҳуқуқӣ) дар шаҳри Маскав хатм намудааст.

Мавсуф аз соли 2011 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Айдарбеков Айдарбек Қуботович
Мудири шуъбаи экспертизаи техникаи компютерӣ ва видео-овозшиносӣ

1 январи соли 1967 таваллуд шудааст. Аз соли 1995 дар шуъбаи экспертизаи судию криминалистикаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистикаи Вазорати адлияи Ҷуиҳурии Тоҷикистон ба ҳайси экспертӣ – криминалист кор ва фаъолият мекард.

Дар давоми солҳои 2000-2013 дар вазифаи ҷонишини сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистикаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2013 ба вазифаи сардори филиали Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ дар вилояти Хатлони кор кард.
Ҳоло дар вазифаи сардори шуъбаи экспертизаи судии техникаи компютерӣ ва видео-овозшиноси кор ва фаъолият менамояд.

Ҳуқуқи мустақилона гузаронидани экспертизаро дар соҳаи экспертизаи судии баллистикӣ, таҳқиқи техникии ҳуҷҷатҳо, трасология, экспертизаи таркишу техникӣ, экспертизаи судии сабти овоз ва техникаи компютериро дорад.

Соли 1998 аз курси кӯтоҳмуҳлати такмили ихтисоси таҳқиқи техникии ҳуҷатҳо, трасология, экспертизаи таркишу техникиро дар Бюрои Федералии экспертизаи судии Федератсияи Россия гузаштааст. Соли 2011 шунавандаи Академияи криминалистии шаҳри Сиетли ИМА буд.

Ҳалимов Фурқат Абдулманонович
Сардори шуъбаи экспертизаи судии сохтмон

12 декабри соли 1974 таваллуд шудааст. Соли 1999  ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишогҳи давлатии милии Тоҷикистон, соли 2015 коллеҷи сохтмони ш. Душанбе-ро хатм намудааст.

Соли 2001 ба кор ба ҳайси эксперти дараҷаи аввал дар шуъбаи экспертизаи судию криминалистии молшиносии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Соли 2006  ба шуъбаи экспертизаи судию криминалистии сохтмони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашт.

Аз соли 2014 то инҷониб сардори шуъбаи экспертизаи судии муҳандиси ва сохтмонӣ.

Салихов Давлат Уроқович

Сардори шуъбаи судӣ-криминалистии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салихов Давлат Уроқович 3-марти соли 1970 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ, хатмкардаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2008 ба сифаити  эксперти  шуъбаи  судӣ –криминалистии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст.

Аз моҳи  майи соли 2018 дар вазифаи сардори шуъбаи  судӣ-криминалистии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардидааст.

Дорандаи ҳуқуқи мустақил оиди гузаронидани  экспертизаи судӣ- техникии ҳуҷҷатҳо ва экспертизаи судӣ-баллистикӣ мебошад.

Оиладор соҳиби панҷ-фарзанд.

Шарипов Меҳроҷиддин
Сармуҳосиби Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистакаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 январи соли 1982 таваллуд шудааст. Соли 2006 факултети иқтисодии ДДТ-ро хатм кардааст. Аз соли 2016 ба ҳайси сармуҳосиби Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистикаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Раджабов Шамсиддин Қосимович
Сардори шуъбаи мавод, маснуот ва экология

23 июни соли 1981 таваллуд шудааст. Соли 2004 факултаи хим-биологияи университети педагогии ба номи С.Айни-ро хатм намудааст.
Аз соли 2013 ба ҳайси эксперт дараҷаӣ якум ба шуъбаи экспертизаи мавод, маснуот ва экология қабул карда шудааст. Аз соли 2016 сардори шуъбаи экспертизаи мавод, маснуот ва экология кор ва фаъолият мекунад.

Худойдодов Зоҳир Қодирович

Сардори шуъбаи кадр ва коргузории Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумњурии Тоҷикистон

Худойдодов Зоҳир Қодирович 16 июли соли 1990 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2013 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2013 ба сифати эксперт-хатшиносӣ филиаили Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оғоз намудааст.

Аз моҳи июни соли 2015 дар вазифаи сардори шуъбаи кадр ва коргузории Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодааст.

Дорандаи ҳуқуқи мустақил оиди гузаронидани экспертизаи судӣ-криминалистӣ ва судӣ- хатшиносӣ.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Кузиев Икромиддин Нусратович
Сардори шӯъбаи экспертизаи судӣ-иқтисодӣ

20 декабри соли 1958, дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст.
Соли 1983  Донишкадаи политехникии шахри Душанбе – ро бо ихтисоси муҳандиси бинокор хатм кардааст.
Дар соли 2012 Донишгоҳи молия ва иқтисод бо ихтисоси хуқукшинос хатм намуд. Соли 2005 Донишгоҳи тиҷоратиро бо ихтисоси молшиносӣ хатм намуд. Дорои сертификати баҳодихии амволхои гайриманқул мебошад. Солхои 2002-2011 сардори шуъбаи экспертизаи молшиносӣ ва сохтмонӣ-техникӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 2014 то инҷониб сардори шуъбаи экспертизахои судӣ-иқтисодӣ мебошад.

Яндекс.Метрика