Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 6 НОЯБРИ СОЛИ 1994

Мо, халки Точикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озоди ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқи ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ. БОБИ ЯКУМ. АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНИ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷики аст.  Забони руси ҳамчун забони муоширати баӣни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва  халқиятҳое,  ки  дар  ҳудуди  ҷумҳури  зиндаги мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Милли аст.

Поӣтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши оли мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф,  риоя ва ҳифз менамояд.

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амали мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъӣпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъияти, ҳизбҳои сиёси, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Гасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Соҳибихтиёри, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандози, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағӣири воҳидҳои марзиву маъмуриро қонуни конститутсиони танзим менамояд.

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъияти дар асоси равияҳои гуногуни сиёси ва мафкурави инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъияти, дини, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳаӣси мафкураи давлати эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёси дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Ташкилотҳои дини аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлати мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарасти, миллатгарои, хусумат, бадбинии иҷтимои ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсиони ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба  ҳокимияти  қонунгузор, иҷроия ва суди амали мегардад.

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқи дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқи надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои ҳуқуқии баӣналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳури ба санадҳои ҳуқуқии баӣналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои баӣналмилали амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии баӣналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расми амал мекунанд.

Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёри ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои баӣналмилали муаӣян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст.

Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои баӣналмилали дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷи робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзи ҳамкори мекунад.

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисоди, соҳибкори, баробарҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медихад.

Замин, сарватҳои зеризамини, об, фазои ҳавои, олами набототу ҳаӣвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳури ва санадҳои ҳуқуқии баӣналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амали мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳалли ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муаӣян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти суди таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъияти, ҳимояи сохти конститутсиони ва тамомияти арзии ҷумҳури раво дониста мешавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ва шартномаҳои баӣнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Тартиби ба шаҳрванди қабул шудан ва аз он хориҷ гардиданро қонуни конститутсиони танзим менамояд.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷи супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷи дар асоси шартномаи тарафаӣн ҳал мешавад.

Шаҳрванди хориҷи ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбини намудааст. Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори ваӣронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёси диҳад.

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимои, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Ҳар кас ҳаққи зиндаги дорад.

Ҳеч кас  аз  ҳаёт  маҳрум карда намешавад,  ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғаӣриинсони раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тибби ва илми қарор додани инсон манъ аст.

Ҳар кас кафолати ҳифзи суди дорад. Ҳар шахс ҲУҚУҚ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, барраси намояд.

Ҳеҷ касро бе асоси қонуни дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Ҳеч кас то эътибори қонуни паӣдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷинои, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгари кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад.

Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғаӣриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғаӣриқонуни барои он ҷазо пешбини нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбини шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.

Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судњ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.

Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефони, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар бораи  ҳаёти  шахсии  инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан,  нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳури ва бозгашт ба он ҳақ дорад.

Мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ҳизбҳои сиёси ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти паӣдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муаӣян кардааст.

Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муаӣян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро паӣрави намояд ва ё паӣрави накунад, дар маросим ва расму оинҳои дини иштирок намояд.

Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёси ва идораи давлати бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлати ҳуқуқи баробар доранд.

Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъӣпурси иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

Шахсоне, ки аз тарафи суд ғаӣри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷоӣҳои аз озоди маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъӣпурси иштирок кардан надоранд.

Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсиони ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъӣпурси тибқи қонуни конститутсиони сурат мегирад.

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёси, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократи, дини ва атеисти дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Ҳизбҳои сиёси дар асоси гуногунандешии сиёси барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёси иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократи мувофиқ бошанд.

Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамои, намоиш, раҳпаӣмоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбини ва хусумати иҷтимои, нажоди, милли, дини ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлати ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлати доранд, қонун муаӣян мекунад.

Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва  ё  якҷоя  бо  дигарон  ба  мақомоти давлати муроҷиат намояд.

Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас  ҳақ  надорад  ҳуқуқи  шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонунва  розигии  соҳиби  он  бо  пардохти  арзиши  пуррааш  давлат гирифта метавонад.

Товони зарари  модди  ва  маънавие,  ки  шахс  дар  натиҷаи амали ғаӣриқонунии мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ҳизбҳои сиёси ва ё  шахсони  алоҳида  мебинад,  мувофиқи  қонун  аз ҳисоби онҳо руёнида мешавад.

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад.  Мардон ва занон,  ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладори ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳи манъ аст.

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар  барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.

Давлат барои  ҳифзи кӯдакони ятим,  маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхори менамояд.

Ҳар кас  ба  меҳнат,  интихоби касбу кор,  ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимои ҳангоми бекори ҳақ дорад.  Музди  кор  аз  ҳадди  ақали  музди менат набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнати ҳама  гуна  маҳдудият  манъ  аст.  Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбури  ҷалб  карда  намешавад,  ба  истиснои мавридҳое, ки қонун муаӣян кардааст.

Дар корҳои вазнин,  зеризамини  ва  шароити  меҳнаташон  зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлати, ҷамъияти, кооперативи ва хусуси таъмин карда мешавад.

Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи кори, рухсатии ҳарсолаи пули, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муаӣян кардааст.

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломати дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии роӣгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлати истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмони ва туризм тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муаӣян мекунад.

Ҳар шахс дар пиронсоли, ҳангоми бемори, маъюби, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муаӣян кардааст, кафолати таъмини иҷтимои дорад.

Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеи, илми ва техники ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳанги ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳни дар ҳимояи қонун аст.

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асоси ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии роӣгонро дар муассисаҳои таълимии давлати кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлати метавонад ба таври роӣгон таълими миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муаӣян мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ озоди, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муаӣян мекунад.

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳанги вазифаи ҳар як шахс аст.

Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муаӣян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳури наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққати барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад. Мӯҳлати вазъияти фавқулодда то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарури ин мӯҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.

Дар давраи вазъияти фавқулодда ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25,28-и Конститутсия пешбини шудааст, маҳдуд карда намешавад. Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулоддаро қонуни конститутсиони муаӣян мекунад.

Маҷлиси Оли-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндаги ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Оли аз ду Маҷлис – Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсиони танзим мекунад.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умуми, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳони сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касби мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 25 кам набошад ва дорои таҳсилоти оли бошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси милли ба таври ғаӣримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳони интихоб мегардад. Дар Маҷлиси милли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури намояндагони баробар доранд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Фаъолияти Маҷлиси милли даъвати мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад ва дорои таҳсилоти оли бошад, метавонад узви Маҷлиси милли интихоб ё таъин шавад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси милли мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад. Қонуни конститутсиони шумораи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онҳо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагонро танзим мекунад.

Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарби ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсиони муаӣян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси милли бошанд. Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси милли наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндаги бошад. Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндаги бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкори намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷоди ва омӯзгори.

Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад. Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазири дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят. Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахси қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генерали аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад. Ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғаӣри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, ба қувваи қонуни даромадани ҳукми аӣбдоркунии суд, қатъи шаҳрванди, тарки доимии ҷумҳури, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси милли мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад. Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсиони танзим менамояд.

Иҷлосияи якӯми Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад. Иҷлосияи якӯми Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад. Фаъолияти Маҷлиси милли дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси милли соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси милли даъват карда мешавад. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад. Дар давраи баӣни иҷлосияҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғаӣринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое барраси мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон аз баӣни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якӯм ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси милли аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Раиси Маҷлиси милли ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳони бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси милли ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад. Раисони Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд. Раисони Маҷлиси эмилли ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якӯм ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбари мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд. Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламенти доир мекунанд. Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидаги ҷаласа мегузаронанд. Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад. Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Салоҳияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя: 1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат; 2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷори намудани Ҳолати ҷанги ва вазъияти фавқулодда; 3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҲУДУДИ он барои иҷрои ӯҳдадориҳои баӣналмилалии Тоҷикистон; 4. Таъини интихоботи Президент; 5. Қабули истеъфои Президент; 6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлати ва рутбаи олии ҳарби; 7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент. Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидаги овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад. Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хоричии ҷумҳури баромад менамояд.

Салоҳияти Маҷлиси милли: 1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмури ва тағӣири онҳо; 2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иқтисоди бо пешниҳоди Президент; 3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иқтисоди; 4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генерали ва муовинони ӯ; 5. Амали намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муаӣян кардаанд. Маҷлиси милли аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор кабул мекунад. Қарори Маҷлиси милли бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон: 1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъӣпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент; 2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъияти; 3. Тасдиқи барномаҳои иқтисоди ва иҷтимои; 4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлати; 5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои баӣналмилали; 6. Таъини раъӣпурси; 7. Таъсиси судҳо; 8. Тасдиқи рамзхон давлатӣ; 9. Тасдиқи мукофотҳои давлати; 10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъии ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовннони ӯ; 11. Муқаррар намуданн рутбаҳои ҳарби, днпломати, рутбаҳо ва унвонҳои махсус; 12. Муаӣян намудани маоши Президент; 13. Амали намудани ваколатҳои днгаре, кн Констнтутсня ва қонунҳо муаӣян кардаанд. Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муаӣян накарда бошад. Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷи метавонанд суханрони кунанд.

Аъзои Маҷлиси милли, вакили Маҷлиси намояндагон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори доранд.

Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд. Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад. Лоиҳаи қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад. Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси милли пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлати ва авф. Маҷлиси милли қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдори мекунад. Дар мавриди дастгири наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси милли қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон барраси мешавад. Дар сурати бо қарори Маҷлиси милли норози будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд. Қонунҳо дар бораи буҷети давлати ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

Қонунҳои конститутсиони оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муаӣян намудааст. Қонунҳои конститутсиони бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси милли бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдори мекунад. Дар сурати бо Қарори Маҷлиси милли норози будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсиони ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд. Тафсири Конститутсияро Маҷлиси Оли тибқи тартиби мазкур барраси намуда, дар шакли қонуни конститутсиони қабул менамояд.

Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба Қонун ё қисми он рози набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран барраси менамоянд. Дар сурати баррасии такрори қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгири ёбад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд. Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдори мекунанд. Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси милли бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран барраси менамоянд. Дар сурати баррасии такрори қонуни конститутсиони дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсиони имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд. Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷанги пароканда намешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, поӣдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлати ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои баӣналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умуми, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳони ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳури на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад. Шахсе ба номзадии Президент ба қаӣд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат паӣ дар паӣ интихоб шуда наметавонад.

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд. Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд. Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсиони муаӣян мекунад.

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад: “Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисоди ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям”. Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндаги бошад, ба соҳибкори машғул шавад.

Салоҳияти Президент:

1. Самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳуриро муаӣян мекунад; 2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои баӣналмилали намояндаги мекунад; 3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медихад; 4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пепшиҳод менамояд; 6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад; 7. Раиси Бонки милли ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси милли пешниҳод менамояд; 9. Бо ризоияти Маҷлиси милли Прокурори генерали ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад; 10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад; 11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбари мекунад; 12. Шӯрои адлияро таъсис медиҳад; 13. Судяҳои суди ҳарби, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия таъин ва озод мекунад; 14. Раъӣпурси, интихоботи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад; 15. Ба қонунҳо имзо мегузорад; 16. Низоми пулиро муаӣян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 17. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захирави мебошад; 18. Ба татбиқи сиёсати хориҷи роҳбари мекунад, қарордодҳои баӣналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 19. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷи, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои баӣналмилали таъин ва озод мекунад; 20. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд; 21. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад; 22. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеи ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад; 23. Барои иҷрои ӯҳдадориҳои баӣналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад; 24. Дар саросари ҷумҳури ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад; 25. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад; 26. Паноҳгоҳи сиёси медиҳад; 27. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад; 28. Бо рутбаҳои олии ҳарби, дипломати, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад; 29. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлати, ҷоизаҳои давлати, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад; 30. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муаӣян кардаанд, амали менамояд.

Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғаӣри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси милли мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси милли ба зиммаи муовини якӯми ӯ мегузарад. Дар ҳолатҳои зикршуда дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад. Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидаги овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад. Дар сурате, ки Президент бинобар бемори вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз мӯҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.

Президент ҳуқуқи дахлнопазири дорад. Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсиони ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидаги овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

Ҳукумати ҷумҳури аз Сарвазир, муовини якӯм ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлати иборат аст. Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисоди, иҷтимои, фарҳанги ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси милли, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Аъзои Ҳукумат наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндаги бошанд, ба соҳибкори машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷоди ва омузгори.

Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳури қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмист. Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад. Ҳукумат дар мавриди ғаӣри имкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад. Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсиони муаӣян мекунад.

Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимои, сиёсати додугирифти қарзи давлати ва ёрии иқтисоди ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлати, масъалаи андозаи имконпазири қасри буҷети давлати ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Ҳокимияти маҳалли аз мақомоти намояндаги ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси милли, карорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Мақомоти намояндагон маҳалли дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбари мекунад. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст. Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳалли ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муаӣян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муаӣян менамояд ва ваколатҳои дигареро амали месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муаӣян кардаанд.

Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент – раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия амали мегардонад. Мақомоти намояндаги ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию марзи раис сарвари мекунад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Раис дар назди мақомоти болои ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст. Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллиро қонуни конститутсиони танзим менамояд. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.

Мақомоти намояндаги ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқи қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он қаламрав ҳатмист. Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндаги ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болои, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси милли метавонад онро пароканда намояд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркиби ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағӣир дода намешавад.

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори дорад.

Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимои, иқтисоди, фарҳанги ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсиони танзим мекунад,

Ҳокимияти суди мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти суди ҳуқуқ озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иқтисоди, Суди ҳарби, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амали мекунанд. Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсиони муаӣян мекунад. Мӯҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст. Ташкили суди фавқулодда манъ аст.

Ба вазифаи судяҳои Суди Оли, Суди Олии иқтисоди, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят ва шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносе интихоб ва таъин мешавад, ки синни ӯ аз 30-сола кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судяги дошта бошад. Ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди ҳарби, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки синни ӯ аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касби дошта бошад.

Судяҳои Суди ҳарби, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия Президент таъин ва озод мекунад.

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъи ва ё танҳо барраси мекунанд. Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад. Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муаӣян кардааст. Мурофиа ба забони давлати ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

Суди конститутсиони аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ба вазифаи судяи Суди конститутсиони ҳуқуқшиносе интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касби дошта бошад. Салоҳияти Суди конститутсиони: 1) муаӣян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси милли, Маҷлиси намояндагон. Президент, Ҳукумат, Суди Оли, Суди Олии иқтисоди ва дигар мақомоти давлатию ҷамъияти, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия; 2) ҳалли баҳсҳои баӣни мақомоти давлати доир ба салоҳияти онҳо; 3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қоннҳо муаӣян кардаанд. Санадҳои Суди конститутсиони қатъист.

Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндаги, узви ҳизб ва созмонҳои сиёси бошад, ба соҳибкори машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷоди ва омӯзгори.

Судя ҳуқуқи дахлнопазири дорад. ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷинои кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.

Ёрии ҳуқуқи дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи суди кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муаӣян мекунад.

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генерали ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генерали сарвари мекунад. Прокурори генерали дар назди Маҷлиси милли ва Президент масъул аст.

Прокурори генералии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.

Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.

Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.

Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

Яндекс.Метрика