Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “28” октябри соли 2016 № 465

тасдиқ шудааст

Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235)

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) (минбаъд – методология) асосҳои ташкилӣ ва методии раванди таҳлили хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектони хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи сармояи оинномавии нҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд (минбаъд – ташкилот) муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  3. Мақсади методологияи мазкур, бо дарназардошти таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ташкилотҳо раванди ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ (хоси ташкилот), ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд ва ҳамчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири онҳо мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  4. Мафҳумҳои асосие, ки дар методологияи мазкур истифода шудаанд:

– хавф – эҳтимолияти он, ки ҳолати муайян метавонад ҷой дошта бошад ё амали муайян ба вуқӯъ пайвандад, ки вобаста ба омилҳои хавф метавонад гуногун бошад;

– омилҳои хавф – шароит ё ҳолати ҷузъӣ, ки ба дараҷаи хавф таъсир расонда, ба пайдошавии падидаи муайян ё зуҳури ягон амал ё имконияти гирифтани ягон бартарият ба ҳар шакл мусоидат менамояд;

– ошкор намудани хавфҳо – таҳлили хавфи эҳтимолӣ, сабаб ва оқибатҳои он ва ҳамчунин баҳодиҳии имкониятҳои ташкилот оид ба мубориза бо коррупсия (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235);

– таҳлили хавфҳо – муайян намудани бартарияти хавфҳо тариқи ошкор намудани онҳо бо пешниҳоди иттилооти муфассали ба зуҳуроти коррупсия дахлдошта (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235);

– осебпазирӣ – вазъи воқеӣ, ки қобилияти таъсиррасониро ба хавфҳои мавҷудбуда ё эҳтимолӣ паст менамояд ва ё ин, ки ба пайдоиш ва рушди онҳо мусоидат мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235);

– намудҳои осебпазири фаъолият – намуди фаъолияти ташкилот, ки вобаста ба хусусияти худ хавфи баланди коррупсияро ба вуҷуд оварда ба таври зайл ифода меёбад: набудани меъёрҳо, нопуррагии меъёрҳо, басанда набудани меъёрҳое, ки ба риояи талабот оид ба покниҳодӣ равона шудаанд, шиносоии нопурраи ҳайати кормандон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба таври дахлдор татбиқ накардани меъёрҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235);

– нақшаи мукаммал – нақшаи мушаххаси амал бо мақсади аз байн бурдан ё коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ дар доираи фаъолияти ташкилот, ки ба пайдоиши коррупсия дар ташкилот мусоидат мекунанд ё рағбатоварандаанд.

  1. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд мусоидат кунанд;

– таҳияи тавсияномаҳо оид ба бартараф ё паст намудани натиҷаҳои таъсироти онҳо (таҳияи нақшаҳои мукаммал)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).

  1. Ба принсипҳои таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дохил мешаванд:

– қонуният;

– холисӣ ва беғаразӣ;

– шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар раванди таҳлили (хавфҳои коррупсионӣ) ба истиснои маҳдудиятҳои пешбининамудани қонунгузорӣ;

– риояи манфиатҳои ҷамъиятӣ (оммавӣ);

– ҳисоботдиҳӣ.

  1. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТ (ХАВФҳОИ КОРРУПСИОНӣ) ВА ДАВРАҲОИ ОН

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235)

  1. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)  дар доираи фаъолияти ташкилот аз тарафи гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия (минбаъд – гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ), ки бо санади дахлдори роҳбари ташкилот таъсис дода шудааст, ба роҳ монда мешавад. Гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ  аз ҳисоби роҳбарияти сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои ташкилот (аз 5 то 7 нафар), аз ҷумла корманди дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (минбаъд – Агентӣ) ташкил карда мешавад. Роҳбари гурӯҳ аз ҳисоби роҳбар ё муовини роҳбари ташкилот таъин карда мешавад.
  2. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) аз давраҳои зерин иборат аст:

– таҳлили шароити пешакӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235);

– таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта;

– баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлуб.

  1. Натиҷаи давраҳои таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ҷаласаҳои гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин хусус ҳисобот тартиб дода мешавад ва дар муддати 30 рӯзи корӣ якҷоя бо нақшаи чорабиниҳо ба Агентӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Агентӣ ташкилотеро, ки барои гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар асоси маълумотҳои оморӣ, пурсиши афкори ҷомеа, ҳисобот дар бораи коррупсия, таҳлилҳо ва тадқиқоти махсус дар бораи коррупсияро доро мебошанд, интихоб менамояд ва дар муддати на камтар аз 2 моҳ то оғози фаъолияти баҳодиҳӣ ба ташкилоти интихобшуда хабар медиҳад ва ҳамчунин ин иттилоотро дар сомонаи интернетии Агентӣ ҷой медиҳад.
  3. Шумораи ташкилотҳое, ки Агентӣ дар як вақт дар онҳо таҳлили фаъолият мегузаронад, вобаста аз мураккабии сохтори ташкилии ташкилоте, ки дар он баҳодиҳӣ гузаронида мешавад, миқдори равандҳои корӣ, ки аз тарафи ин ташкилот ба иҷро расонидашаванда ва захираҳои кадрии доробудаи Агентӣ, тағйир дода мешаванд.
  4. Дар доираи ваколати гурӯҳ оид ба баҳодӣ корманди Агентӣ дорои уҳдадориҳои зерин аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235):

– ба кормандони ташкилот, ки дорои вазифаи роҳбарикунандаанд, дар бораи консепсия, мақсад ва муҳимияти таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дастур медиҳад;

– нисбати усулҳои ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, сохторҳои ташкилӣ, иттилоот дар бораи қоидаҳои ахлоқ, усулҳои ҳаммонандкунӣ ва тадқиқоти омилҳои хавф дастур ва машварат медиҳад;

– мониторинги фаъолият оид ба таҳлили фаъолиятро (хавфҳои коррупсионӣ) амалӣ менамояд;

– дар бораи таҳияи нақшаи фаъолияти гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ, тартиб додани ҳисобот дар бораи баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ ва нақшаи мукаммал, тавсияҳо медиҳад;

– дар ҷаласаҳои гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ иштирок менамояд ва дар робита бо дурустии риояи тартибот, дар ҳолати зарурӣ, бо пешниҳоди таклифҳо ё тавсияҳое, ки ба ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ замима карда мешаванд, изҳороти худро баён менамояд.

– таҳия ва татбиқ намудани нақшаи мукаммалро бо ҳамдигар мувофиқ менамояд.

  1. ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНИИ) ШАРОИТҲОИ ПЕШАКӢ
  2. Таҳлили фаъолияти (хавфҳои коррупсионии) шароитҳои пешакӣ чунин омилҳоро ба назар мегирад:

– таҳлили мубрами қонунгузорӣ барои ташкилот;

– таҳлили сохторҳои ташкилии ташкилот;

– таҳлили қоидаҳои одоб (рафтор, деонтология, (вазифашиносӣ, муомилот, этика) ё дигар ҳолатҳое, ки ба рафтори кормандони ташкилот дахл доранд) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).

  1. Таҳлили фаъолияти (хавфҳои коррупсионии) шароити пешакӣ асосҳои қонунгузорӣ инро дар назар дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235):

– таҳлили асосҳои қонунгузорӣ (қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла идоравӣ), ки ба ташкилот дахл доранд;

– таҳлили низомномаҳое, ки ба намудҳои осебпазири фаъолият дахл доранд.

  1. Ҳангоми таҳлили заминаҳои қонунгузорӣ диққати махсус ба муқаррароти қонунгузорӣ марбут ба фаъолияти осебпазир дода мешавад. Дар ин замина амалҳо бояд ба ошкор кардани ҳолатҳои зерин: мавҷуд набудани меъёрҳо, нопуррагии онҳо, меъёрҳое, ки ба тамомият равона нашудаанд, иттилоотонии нокифояи кормандон оид оид ба меъёрҳо, ба таври дахлдор татбиқ нагаштани меъёрҳо, равона карда шаванд.
  2. Намудҳои осебпазири фаъолият метавонанд, ҳам намудҳои марбут ба сохтори дохилии ташкилот ва ҳам намудҳои фаъолияти ба вазифаҳои ташкилот (вазифаҳои берунӣ) дахл дошта бошанд.
  3. Баҳодиҳии меъёрҳое, ки ба намудҳои осебпазири фаъолият алоқаманданд, метавонанд, мутобиқи намуна аз замимаи 1 методологияи мазкур амалӣ карда шавад.
  4. Намудҳои осебпазири фаъолияте, ки ба сохтори дохилии ташкилот дохил мешаванд, дар навбати аввал алоқаманданд бо:

– маъмурикунонии иттилоот (ҳифз намудани иттилооти дохилӣ, пешниҳод намудани иттилооти махфӣ, таҳия, баррасӣ, нигоҳдории маъмурикунонӣ (нигоҳдорӣ);

– нусхабардории ҳуҷҷатҳо, аз он ҷумла ҳуҷҷатҳои махфии электронӣ, гардиши дохилӣ ва берунии ҳуҷҷатҳо, аз он ҷумла электронӣ ва махфӣ;

– маъмурикунонии воситаҳои молиявӣ (ҷудо намудан, назорат ва аудити буҷет, пардохти хароҷотҳо, ҷудо намудан ва пардохти мукофотпулӣ, иловапулӣ ва мукофотҳои пулӣ);

– маъмурикунонии молу мулк ва хизматрасониҳо (қабули қарор дар бораи харид ё ба кироя гирифтан, таҳияи талабот оид ба сифати хизматрасониҳо аз рӯи таҳвили онҳо, гузаронидани гуфтушунид, интихоби молрасонҳо, маъмурикунонӣ ва ҷудо намудани молу мулк дар доираи ташкилот, истифодаи молу мулки берун аз вақти корӣ ё берун аз ташкилот).

  1. Намудҳои осебпазири фаъолияте, ки бо вазифаҳои берунии ташкилот алоқаманданд, намудҳои фаъолияте ба ҳисоб мераванд, ки дар навбати аввал бо омилҳои зерин алоқаманданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235):

– инкассатсияи пардохт (андоз, пардохтҳои маъмурӣ, қарзҳо ва ғайра);

– бастани шартномаҳо (озмунҳо, тендерҳо, шартномаҳо ва ғ.);

– пардохтҳо (субсидияҳо, мукофотпулиҳо, иловапулиҳо, пардохтҳои сарпарастӣ, кӯмакҳои пулӣ ва ғ.);

– пешниҳоди шаҳодатномаҳои ҳуқуқӣ (додани иҷозатномаҳо, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, шиносномаҳо, шаҳодатномаи шахсият, фардикунонӣ, маълумотномаҳо ва ғ);

– дар амал ҷорӣ намудани қонунҳо (санҷиш, назорат, муқаррар намудани (констатасияи) мутобиқат ё вайронкунии қонун, муҷозот ва ғ.).

  1. Таҳлили фаъолияти сохторҳои ташкилӣ инҳоро дар назар дорад:

– таҳлили органиграммаҳо;

– таҳлили уҳдадориҳои вазифавӣ;

– таҳлили раванду тартиботи корӣ.

  1. Таҳлили фаъолияти сохтори ташкилии ташкилот бо назардошти меъёрҳои зерин гузаронида мешавад:

– сатҳи мутобиқати сохтори ташкилӣ ба вазифаҳо, салоҳиятнокӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилот;

– сатҳи манфиатнокии сохторҳои ташкилӣ бо дарназардошти вазифаҳо, салоҳиятнокӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилот.

  1. Таҳлили одоб, дар худ маҷмӯи принсипҳои ахлоқӣ ё арзишҳоеро ифода мекунад, ки ташкилот бо мақсади равона кардани рафтори кормандон ҳангоми амалӣ намудани ҳамаи намудҳои фаъолияти дохилӣ ва берунӣ, таҷассум менамояд. Қоидаҳои одоб ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам нисбат ба ҳамаи ҳайати кормандони ташкилот қабул карда мешавад ва метавонад ба вазъи дохилӣ ва берунии ташкилот таъсир расонад. Таҳлили қоидаҳои одоб баҳодиҳии меъёрҳоеро, ки дар кодекси одоби соҳавӣ самти аниқро доир ба масъалаҳои ахлоқии дорои аҳамияти муҳиме, ки метавонад дар фаъолияти ташкилот пайдо шаванд, таъмин намоянд, дар назар дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  2. ТАҲЛИЛИ ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНИИ БЕВОСИТА ҶОЙДОШТА

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235)

  1. Барои баҳодиҳии хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта ба амалӣ намудани шартҳои зерин зарур аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235):

– таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳо;

– таҳлили хавфҳо.

  1. Дар ин марҳилаи таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳо ҷамъоварии маълумот оид ба хавфҳои воқеӣ ва эҳтимолии коррупсия дар ташкилотҳо амалӣ карда мешавад.
  2. Дар ин марҳила усулҳои зерини таҳқиқ ва ошкорсозӣ мавриди истифода қарор мегиранд:

– таҳлили муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсионӣ;

– пурсиши кормандони ташкилот;

– таҳлили муносиботи мутақобилаи ташкилот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– таҳлили амалҳои мушаххаси коррупсионӣ;

– таҳлили маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи коррупсия дар ташкилот.

  1. Таҳлили муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия баҳодиҳии таҷрибаҳоеро тақозо менамояд, ки он бо интихоби ҳайати мутахассисону кормандони ташкилот, доираи омӯзишу таҳсили онҳо, уҳдадориҳои вазифавӣ, мутобиқсозии (дохилӣ ва берунии) вазифаи кормандон, машварат ва масъулияти мутахассисон, имконоти нозирот, мутамарказонӣ ва яклухтсозӣ, мусоҳибаи баҳодиҳӣ, алоқаҳои беруна, масъулияти назорат, хавфҳои берун аз ташкилот, даромадҳои муфти иловагӣ, бехавфии ҷисмонӣ, муносиботи қонунӣ бо таъсирбахшию самаранокӣ, дурусткорӣ, риояи қонун ва муомилот алоқамандӣ дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  2. Таҳлили муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия метавонад мувофиқи намунаҳо аз замимаи 1 ба методологияи мазкур ҳамроҳ шудааст, ба амал бароварда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  3. Бо мақсади санҷиши дурустии маълумоти бадастоварда оид ба таҳлили муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия дар ташкилот пурсиши кормандон ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад ҳамчун восита намунаи саволномае, ки дар замимаи 2 оварда шудааст, метавонад мавриди истифода қарор гирад. Саволномаи мазкур метавонад бо хусусиятҳои хоси ташкилот мутобиқ гардонида шавад. Натиҷаи пурсишҳо мутобиқи замимаи 3 методологияи номбурда шарҳу тавзеҳ меёбад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  4. Таҳлили робитаҳои ташкилот бо ҷомеа баррасии ботафсили расмиёти робитаҳои бо ҷомеа дахлдошта, аз ҷумла расмиёти алоқаманд ба баррасии муроҷиатҳо, сатҳи шаффофияти фаъолияти ташкилот, сомонаи интернетии он, муносибат ба воситаҳои ахбори омма ва амсоли онро дар бар мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  5. Таҳлили ҳолатҳои мушаххаси амалҳои коррупсионӣ (ҳолатҳои мубрам ё хоси амалҳои коррупсионии аз ҷониби кормандони ташкилот содиршуда), бо мақсади ошкорсозии тарзи номукаммали идоракунӣ, ҳамчунин муайянкунии ҳудуди имкониятҳои воқеӣ ва имконпазири ташкилот оид ба огоҳсозӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ ба амал бароварда мешаванд.
  6. Таҳлили маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи коррупсия дар ташкилот бо мақсади муқаррар кардани хавфҳои коррупсия дар самтҳои осебпазир, номукаммалии меъёрҳо ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати тақвияти фаъолият, баҳри пешгирии коррупсия гузаронида мешавад.
  7. Барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ восита ва усулҳои зерини ҷамъоварии маълумотро бояд ба роҳ монд:

– бозназарии иттилооти бунёдӣ – ҷамъоварии иттилоот аз сарчашмаҳои мавҷудбуда, ба монанди таҳқиқ ва таҳлили қаблӣ, ки аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдор, шахсони мансабдор, аудиторон, мақомоти муборизабаранда бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд, ҳамчунин ҷамъоварии иттилоот аз муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва воситаҳои ахбори омма (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235);

– ҷамъоварии маълумот аз рӯйи натиҷаи таҳқиқоти иҷтимоӣҷамъоварии маводи мушаххас аз рӯйи натиҷаи ҷавоби аҳолӣ ба пурсишҳои хаттӣ ва ё мусоҳибаҳои даҳонӣ. Пурсиши аҳолӣ метавонад ба таври умумӣ ва ё гуруҳи шахсони алоҳида, ки барои пурсиш бо мақсади таҳлили муқоисавӣ интихоб карда мешаванд, бошад;

– истифодаи гурӯҳҳои мақсаднок – ҷамъоварии маълумот тавассути гуруҳҳои мақсаднок. Гуруҳҳои мақсаднок – гурӯҳҳои мушаххасе мебошанд, ки барои муҳокима ва ҳалли масоили махсус даъват карда мешаванд. Ин раванди корбурд метавонад, мутаносибан, аз рӯйи сифат нисбат ба шумора хавфҳои коррупсиониро ошкор сохта, маълумоти мушаххастарро бо дарназардошти амалҳои коррупсионӣ, инчунин сабаби сар задани ин амалҳоро аниқ намояд ва ҳамзамон имконоти ташкилотро доир ба амалисозии мубориза бар зидди коррупсия возеҳ нишон диҳад.

  1. Дар баъзе мавридҳо ба пуррагӣ аз байн бурдани хавфи амалҳои коррупсионӣ номумкин аст, вале паст намудани раванди хавфҳои ошкоргардидаи амалҳои коррупсионӣ то ҳадди расидани хавфҳои ҷиддӣ имконпазир дониста мешавад.
  2. Илова бар ин, дар як муҳлат анҷом додани таҳлил, ҷудо намудани вақт, диққат ва имконот ба ҳар як хавфи ошкоргардида номумкин ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, ошкор намудани ҳадди хавфҳои коррупсионӣ, вобаста аз эътидоли хавфафзоии амалҳои коррупсионӣ барои ташкилотдошта хеле муҳим ҳисобида мешавад.
  3. Баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ мутобиқ ба бартарияти онҳо ба роҳ монда мешавад. Бартарияти хавфҳои коррупсионӣ, дар сурати давомнокии хавфҳо ва ё эҳтимолияти пайдоиши онҳо, ба таъсири ин гуна хавфҳо вобастагӣ дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  4. Вобаста ба таъсирнокӣ хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта метавонанд намудҳои зерин дошта бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235):

– ҷузъӣ – хавфе, ки ба шаъну эътибори ташкилот ва имконияти он ва амалӣ кардани мақсадҳояш таъсири начандон зиёд дорад;

– муътадил – хавфҳои коррупсионии муътадил хавфҳое мебошанд, ки ба шаъну эътибори ташкилот таъсири зиёд мерасонанд ва ё қобилияти амалисозии мақсадҳои онро сахт коҳиш медиҳанд;

– хавфҳои муҳим – хавфҳои коррупсионие мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо низоми кори ташкилот бо хавфи ҷиддӣ дучор шуда, ба амалисозии равандҳои фаъолият ва ҳадафҳои ташкилот таъсир мерасонад, ки дар натиҷаи он ташкилот метавонад зарари калони молӣ бинад ва ба раванди корбурду пешрафташ таъсири манфӣ ворид гардад.

  1. Вобаста аз эҳтимолияти падид омадан, хавфҳои коррупсионӣ метавонанд намудҳои зерин дошта бошанд:

– эҳтимолияти ҷузъии ба вуҷуд омадани хавфҳои коррупсионӣ (хавфҳои фавқулодда) – дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ метавонад дар шароити фавқулодда ва ё шубҳаовар (аз эҳтимол дур) арзи вуҷуд дошта бошад;

– эҳтимолияти ҳадди миёнаи ба вуҷуд омадани хавфҳои коррупсионӣ (хавфҳои имконпазир) – дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ метавонад дар вақти муайян дар оянда падид ояд.

– эҳтимолияти аз андоза зиёди падид омадани хавфҳои коррупсионӣ (анқариб хавфҳои ғайришартӣ) – дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ дар сурати инкишофи мӯътадили воқеот ба амал омада метавонад.

  1. МАРҲИЛАИ ХОТИМАВИИ ТАҲЛИЛ ВА БАҲОДИҲИИ ХАВФҲО

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235)

  1. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) бо таҳияи ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ ба охир мерасад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  2. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ бояд ба талаботҳои зерин мутобиқат намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235):

– ба таври алоқамандии мантиқӣ ва шакли асоснок навишта шавад;

– таъмин намудани саҳеҳият ва дурустии тасвия;

– истифода намудани истилоҳоти монанд;

– мавҷуд будани сана ва ҷойи тартибдиҳӣ, ҳайати гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235);

– имзогузорӣ шудан аз тарафи аъзои гуруҳи баҳодиҳӣ.

  1. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ бояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235):

– дорои хулосаҳои ба таҳлил алоқаманд бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235);

– дорои тавсияҳо оид ба истисно ё паст намудани натиҷаҳои хавфҳои ошкоршуда бошад.

  1. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ мутобиқи сохтори зерин таҳия мешавад:

а) баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили шароити пешакӣ, аз ҷумла:

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили асосҳои қонунгузорӣ барои ташкилот;

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили умумии қонунгузорӣ;

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили санадҳои зерқонунии идоравӣ дар бораи намудҳои осебпазири фаъолият, ки ба вазифаҳои дохилии ташкилот алоқаманданд;

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили санадҳои зерқонунин идоравӣ дар бораи намудҳои осебпазири фаъолият, ки ба вазифаҳои берунии ташкилот дахл доранд;

б) баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили сохторҳои ташкилии ташкилот, аз ҷумла:

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили уҳдадориҳои вазифавӣ;

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили раванду расмиёти корӣ;

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили қоидаҳои ахлоқӣ;

в) баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили хавфҳои бавосита ҷойдошта, аз ҷумла:

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлилп муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия;

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили пурсиши кормандони ташкилот;

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили ҳамкориҳои ташкилот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– баҳодиҳии натиҷаҳои таҳлили ҳолатҳои мушаххаси коррупсия;

г) баҳодиҳии таҳлили хавфҳои ошкоршуда, бартарияти хавфҳо ва хулосаи умумӣ;

д) тавсияҳо оид ба бартараф намудан ё паст кардани оқибатҳои хавфҳои ошкоршуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).

  1. Дар асоси ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ лоиҳаи нақшаи мукаммалро таҳия менамояд. Нақшаи мазкур нақшаи муфассали амал оид ба пешгирӣ намудани коррупсия дар ташкилот ба ҳисоб меравад. Ҳангоми таҳияи нақша бартарияти хавфҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳамин тавр, амалиёт оид ба ниҳоят паст гардидан ва баланд шудани эҳтимолияти пайдоиши хавфҳо бартарият мегирад. Баъд аз ин амал бояд амал бояд амал оид ба аз байн бурдан ё паст намудани оқибатҳои миёна ва эҳтимолияти миёнаи пайдоиши хавфҳо оянд. Дар хулоса амалиёт оид ба бартараф ва паст намудани оқибатҳои ҷузъӣ ва эҳтимолияти ками пайдоиши хавфҳо ба нақша гирифта мешавад. Нақшаи мукаммал баъд аз мувофиқа бо ҳамаи воҳидҳои сохтории манфиатдори ташкилот аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).
  2. Муҳлати татбиқ намудани нақшаи мукаммал наметавонад аз 2 сол зиёд бошад. Ташкилоте, ки ба баҳодиҳӣ фаро гирифта мешавад, ба Агентӣ ҳисобот дар бораи татбиқи нақшаҳои мукаммадро пешниҳод менамояд. Агентӣ ҳуқуқ дорад, дар бораи тадбирҳое, ки бояд амалӣ карда шаванд, маълумоти иловагӣ талаб намояд.
  3. Агентӣ ҳар ҷамъбасти сол ба Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқ намудани нақшаи мукаммал дар ташкилотҳои баҳодиҳишаванда маълумот медиҳад ва барои босифат ва сари вақт иҷро шудани чораҳои дар нақша пешбинишуда диққати махсус медиҳад.
  4. АЗНАВТАҲЛИЛКУНӢ ВА АЗНАВБАҲОДИҲӢ
  5. Азнавтаҳлилкунӣ ва азнавбаҳодиҳӣ на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад ва дорои мақсадҳои худ доир ба самарабахшии таҳлил ва баҳодиҳии тадбирҳои пешгирикунанда, ки барои ҳаммонандкунии хавфҳо, таҳлилу баҳодиҳии манфиатнокии нақшаҳои мукаммал, азнавбаҳодиҳии хавфҳои ибтидоӣ ва таъмини истифодаи боманфиати манбаъҳои ташкилот истифода мешаванд, мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 235).

 

 

 

 



Яндекс.Метрика