Иштирок ва суханронӣ ба муносибати 25-уми солгарди рўзи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 14.11.2019 сол дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо конфронс бахшида ба 25-умин солгарди рўзи қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар гузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷамъомади мазкур Ашуралиева Моҳдона корманди Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърузааш чунин қайд карда.

Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устуво­рии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Бо дарназардошти он, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик­ инъикос ёфтаанд.

Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Мавкеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни конунхои сершумор ва санадхои хукукии Точикистон бор охи тадбики асосхо ва заминахои мукарраргардида хеле калон акст.Аз ин ру , Конститутсия ва меъёрхои он дар ташакулёбии низоми хукуки ва конунгузории Точикистон дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдори дар Точикистон ахамияти муайянкунандае дорад.Президенти кишвар асосгузори сулху вахдати милли пешвои миллат мухтарам эмомали Рахмон дар китоби худ «Точикон дар оинаи таърих» чунин кайд намудааст: «Давлати сохибихтиёри точикон фаъолияти худро тавассути Канститутсия ба рох мемонад.Чумхурии Точикистон хамчун давлати мустакил низоми хукукии худро доро буда , дар он Канститутсия мавкеи асосиро ишгол намуда , ба хаёти давлату чамъияти таъсир мерасонад».

Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.

Халки Точикистонро бахту саодати бузурге насиб гардидааст, ки сохиби чунин Конститутсияи сазовор хастанд, зеро он таз чониби олимон, коршиносон, аз чониби СММ , Созмони амният ва хамкори дар Аврупо ба хайси яке аз намунахои конститутсияи демократии чахони пазируфта шудааст.

Ин бахогузориро нисбат ба конститутсияи ЧТ Асосгузори сулху вахдати милли, пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон чунин баён намудаанд:

«Канститутсия нишонаи нахустин ва мухимтарини сохибихтиёрии давлат буда, аз чониби чомеаи чахони, созмонхои бонуфузи байналмилали ва давлатхои дигар эътироф гардидани сохибихтиёрии он аз хамин хуччати такдирсоз сарчашма мегирад.

Чашни 25-умин солгарди Канститутсияи Точикистон барои мо хамчун чашни шаклгирии миллии точикон ва тахкими амнияту суботи сиёсиву ичтимоии Точикистон ахамият ва шукухи хосае дорад. Дар давоми ин солхо халки точикистон хамчун баёнгари сохибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлати сарнавишти худро тибки ин хуччати вокеан такдирсоз муайян намуда самтхои таракиёти худро дар хамаи сохахо мушаххас гардонид. Аз ин нуктаи назар тамоми дастовардхоеро, ки тули 25 – соли амалкарди Канститутсияи Точикистон насиби халку давлат гардидааст, натичаи хирад ва заковати азими халки Точикистон мехисобем, зеро махз бо иродаи аксари мутлаки мардуми ин сарзамини куханбунёд имруз кишвари моро дар чахони муосир хамчун давлати сохибихтиёру хукукбунёд ва демокративу ичтимои эътироф мекунанд ва мавкеи онро хангоми халлу фасли масоили умдаи байналмилали ба инобат мегиранд.



Яндекс.Метрика