Ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ.

Ҷиҳати татбиқи ин меъёри конститутсионӣ ва бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  даҳ сол пеш, яъне 8  июни соли 2007  Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низом ва тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милли  нақши барҷаста гузошт.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Моддаи 1-уми Қонуни  зикршуда  муқаррар мекунад, ки мақсади он аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Вазифаи Қонун пеш аз ҳама танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Бо қабули Қонуни болозикр маълум шуд, ки он барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Санади мазкур дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд.

Бо мақсади иҷрои ин меъёр 6 сентиябри соли 2017 “Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз ҷониби Шӯрои уламо ба тасвиб расида, аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Шӯрои илмии муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ карда шудааст.

Тартиби мазкур мувофиқи аҳкоми шариат, мутобиқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар фарди мусалмон пешниҳод шуда, иҷро гардидани он зарур ва амри воқеӣ мебошад Тартиб муқаррар мекунад, ки маросими “чил” ва “сол” бе маҳдудияти шумораи иштирокчиён, бе додани таом ва бе забҳи чорво дар вақти барои азодор мувофиқ гузаронида мешавад.

Баъди се рӯз то ба як сол фотеҳагирӣ, ба мисли панҷ, шаби ҳафт, шаби нуҳ, рӯзи чил, шабҳои ҷумъа ва сол, ба истиснои хайрот ва рӯзҳои ид шаръан макруҳ ва бидъат буда, сиёсатан манъ аст.

Ворисони марҳум метавонанд ба хотири гузаштагонашон ба ятимону бепарасторон, камбизоатон, беморон, муҳтоҷон ва мусофирон хайру садақа намоянд ва ё маблағи садақаро барои корҳои ободонӣ, чоҳ кандан, об овардан, таъмиру тармими мактаб, ёрӣ ба хонаи пиронсолон, ятимхонаву интернатҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар амалҳои нек сарф намоянд.

 



Яндекс.Метрика