Корупсия-сарчашмаи Кирдорҳои номатлуб

Дар ҷомеаи ҷаҳони ҷараён ё худ равандҳое амал менамоянд, ки ба пешрафти давлатҳо таъсири манфи худро расонида, демократияро коста магардонад. Хусусан, сар задани амал ва зуҳуроти номатлуб, аз қабили нашъамандиву қочоқи инсон, терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта авзои сиёсиро мураккаб гардонида, аҳолии сайёраро ба ташвиш андохтааст.

Тавре қайд кардем, коррупсия  низ яке аз мушкилоти доғи руз боқи монда, пеши роҳи тараққиёти  рузафзуни давлатҳоро мегирад. Бинобар ин, зарурат пеш омадааст, ки аҳли олам ба зидди ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои заруриву дахлдор андешанд. Гоҳо коррупсия боис мегардад, ки нафарони камсаводу бемаҳорат дар муассисаҳои таҳсилоти касби аз имтиҳонҳо бемамониат танҳо бо додани ришва гузаранд. Инчунин, баъзан нафарони бедонишу таҷриба ба сохторҳои мухталиф роҳ ёфта, садди роҳи қобилиятнокону босаводон гардида, дар кору фаолият аз мизоҷону шаҳрвандон барои иҷрои коре, дар ҳоле, ки ин кор вазифаи ҷониашон маҳсуб меёбад, пора талаб номоянд.

Ҳар фард баяд дарк намояд, ки коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон ва тавозуни он низ аз байн меравад.

Тибқи қонунгузорӣ коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие) мебошад, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонуни ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гунна неъмату батарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аст.

Барои пешгирии ҳама навъи ҷинояту ҷинояткорӣ  ва мубориза бо коррупсия санаи  31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Мутањид зидди коррупси қабул шуда, санаи  9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё, аз он ҷумла ҷумҳурии мо низ зери ин конвенсия имзо гузоштанд.

Бо ташабуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо максади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятхои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳо мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шафофият ва такмили фаолияти назоратӣ ҳанўз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – чун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд.

Ҳамзамон, ”Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва ”Стратегияи муқовимат бо коррусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардидааст.

Бо мақсади пурзўр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ  дар ҷомеа, пешгирӣ ва рафъи омилҳои ба коррупсия, мусоидаткунанда, аз ҷониби масъулину кормандони сохторҳои мухталифи ҷомеа чорахои зарурӣ андешида шуда истодааст, вале ин кифоя нест. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадхояшон қайд намуданд. ”Фаромуш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.



Яндекс.Метрика