Чаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раёсати Криминалистии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода М., дар баромади худ қайд намуд, ки дар бозор ва мағозаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёҳо (хусусан истеҳсолӣ Ҷумҳурии Халқии Чин) во мехўранд, ки аз рўи шакл, намуд ба силоҳи сард, монанди доранд аз ҷумла кордҳои хориҷӣ, кордҳои миллӣ, шамшерхо арбалет ва ғайра, ки мутобиқи қонунгузорӣ зери назорати Стандартҳои Тоҷикистон бояд қарор  гиранд.

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи силоҳи сард» 19 марти  соли 2013 ;

1.Тамоми намудҳои силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти  ҷангӣ онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, аз дигар давлатҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд.

  1. Сертификатсияи силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи аризаҳои силоҳсозон, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон силоҳ ворид мекунанд, гузаронида мешавад, агар дар бораи эътирофи тарафайни натиҷаҳои сертификатсияи силоҳ бо давлате, ки силоҳ дар он ҳо сохта шудааст, созишнома набошад.
  2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои сертификатсияи силоҳ дар бораи мансуб донистани он ба силоҳи хизматӣ ё ғайринизоми қарор қабул менамояд.
  3. Тамоми намудҳои силоҳи хизмати, ғайринизоми ва лавозимоти ҷангии онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқи ҳатмии мутобиқат ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартониро дошта бошанд.
  4. Сертификати мутобиқат ҳамчун асос барои гардиши силоҳи хизматӣ ва ғайринизоми, лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад. Тасдиқи мутобиқати силоҳи хизмати ва ғайринизоми, лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техники ва стандартони аз рўи тартиби муайяннамудаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад.

Силоҳи сард-силоҳе, ки барои зарба задан ба ҳадаф бо ёрии қувваи мушакҳои инсон ҳангоми бархўрди бевосита бо объекти зарбазани таъин шудааст.

  

Яндекс.Метрика