Ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии дар Ҷумҳурии Тоҳикистон

Тибќим наќша ва «Низомномаи  Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  санаи 16.07.2019 сол дар толорӣ  бинои Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумиҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбати бо иштироки аъзоёни Шўро оид ба проблемањои актулӣ экспертизаи судӣ « Таҳќиќоти санҷишњои силоҳи шаҳрвандӣ ва хизматӣ алалхусус силоҳи сард» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузолр гардид.

Раиси Шўро, Саидзода Бахтиёр Шариф  сухани ифтитоҳиро оғознамуд ва  ба  иштирокчиён изҳори сипос намуда масъала гузорӣ намуд, ки ҳар як эксперт ҳангоми таҳқиқ намудани ин ё он масъала бояд бо истифода аз донишҳои махсус, адабиётҳои муосир технологияи замонавӣ ва пеш аз ҳама ҳуқуҳқои фитриву пазитивии инсон дар асоси «Конститутсияи» Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва ҳифз кунад.

Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмиллалӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир,  ва дигар намуди ҷиноятҳо рў ба рў мешавад.

 

Экспертизаи судӣ барои ошкор намудани ҷиноят мавқеъи муҳимро мебозад.

Сари вақт пурра фош намудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани ашхоси дар ҳақиқат гунаҳгор яке аз омилҳои муњими мустаҳкам намудани қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати манфиатҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар раванди муборизаи мақомоти махсуси ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа алайҳи ҷинояткорӣ эҳтиёҷ ба ёрии илму фан, касбҳои махсус ва техника пайдо мешавад.

Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз воситаҳои илмию-техникӣ, тарзҳои тактикӣ, усулҳои самараноктарини муосири тафтиши ҷиноятҳои алоҷида ва инчунин дастовардҳои  экспертизаҳои криминалистиро истифода намебурданд, сирри бисёр ҷиноятҳо фош намешуд, ҷинояткорон ошкор нагардида, бе ҷазо мемонданд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол мешуд.

Экспертизаи судӣ дар давраи тараққии худ ташаккул ёфта дар замони ҳозира самти муайяни илмии худро дорад ва назарияи илмии ў дар системаи илмии дониш  мақоми муайяне дорад.

Силоҳҳои сард ба  гурҳҳои  асосии гуногун тасниф  карда мешаванд.  Таснифи силоҳои сард имконият медиҳад, ки  оид ба тартиби тайёркунӣ, шакли ва сохти онњо, тартиби истифодабарии онҳо,  ки хамчуни силоҳ бароварда шудаанд , ва ё ҳамчунин,  доир ба хусусияти объектҳое,  ки он  ба гуруҳои силоҳи сард алоқаман карда шудааст, дар асоси нишонаҳои махсуси онҳо хулосаҳо бароварда шаванд?

Аломатҳои умумии конструктивии силоҳҳои  сард инҳо мебошанд:

– мавҷуд будани деталҳо (қисмҳо),  ки махсус барои расондани ҷароҳатҳои барои  ҳаёт хавфнок таъин карда шудаанд (остри),  теғ (лезвие): дандона (шип): барои зарбазан (ударные груз) ва ғайра;

– мавҷуд будани ҷиҳоз (приспособление) барои дар даст нигоҳ доштани олот ва бо он бе хавфи худзахмдоршавӣ  расонидани ҷароҳат;

– устувории механикии конструксия.

Силоҳи  сард ба чунин намудҳо тасниф (классификатсия) карда мешаванд:

а) силоҳи  сарди халанда. Ба он шамшер (шпага): акинак (стилет): ханчар (кортик) ва ғайра мансуб мебошанд.  Силоҳи сарди  халанда бофтаҳои мулоими ҷисмро медаронад ва кор фармудани қувваи ҷисмонии ҷиддиро талаб мекунад?

б) силоҳи сарди халандаю бурранда. Он ба силоњи  яктеға (кордҳо) ва дутеға (кинжал) тақсим карда мешавад.

Кордҳои яктеға аз теғ (клинок) ва қабза (рукоятка) иборат мебошанд,  баъзан дар мобайни онҳо маҳдудкунанда мустаҳкам карда мешавад.  Қисмҳои теғ – дам (лезвие) ва дам  (обух) мебошанд. Дар қабза баъзан  ҳалқа ва пайкон (наконечник) мавҷуд мебошад.

Аломатҳои конструктивие,  ки мувофиқи онҳо кордҳо силохи  сард эътироф мешаванд,  чунинанд:

– дами корд аз як теға  ва кабза (обух) ташкил шудааст;

– дарозии теғ аз 7-8 см,  кам нест;

– қабза барои дар даст нигоҳ  доштан ва аз захм кашида гирифтани теғ қулай аст;

–  устувории умумии конструксия,  сахт ва қатнашаванда будани теғ.

в) Силоҳи сарди қиммакунандаю бурранда (шамшер: табарҳои ҷангӣ, табарзин),

д) Силоҳе,  ки бо задан пора-пора мекунад (чубдаст (дубинка): кастет: нунчак ва ғайра).

Бо ҳамин тартиб  дигар намудҳои силоҳи сардро во хурдан мумкин аст , ки истеҳсоли онҳо ба замонҳои хело кадим рост меояд.

Силоҳои сард аз рўи таъиноташон мешаванд силоҳи сарди  истеҳсолӣ (саноатӣ), силоҳи сарди косибӣ ( аз ҷониби нафарони бомаҳорат тайёкарда) ва силоҳои сарди худсоз.

Дар моддаи 3 конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки силоҳҳо аз  руи таъиноти худ барои истиифодабарӣ аз тарафи субъектоҳои дахлдор, инчунин аз руи хусусият ва тавсифоти асосӣ ба намудҳои зайл ҷудо карда шудаанд:

-силоҳои ҷангӣ

-силоҳи хизматӣ

-силоҳи ғайринизомӣ

Албатта ин ҷо ҳам дар бораи силоҳои оташфишон ва ҳам силоҳои  сард маълум карда шудааст.

Дар асоси нишонаҳои мазкур мафҳуми зерини силоҳи сардро ошкор намудан мумкин аст: силоҳи сард  гуфта силоҳоеро  меноманд, ки махсус бо йувваи мушакҳо тариғи он зарари вазнин расонидан мумкин аст.

Силоҳи сардро  на танҳо аз рўи нишонаҳои махсуси зарар расонанда  инчунин  тартиби тайёрнамудан он  бо кадом  маҳсулотҳо бояд муайян карда шавад.

Ҳангоми таҳқиқи силоҳи сард санҷишњои кимиявӣ, рентгенӣ ва спектралӣ истифода мегардад. Барои таҳқиқи қисматҳои равғании дар қисмҳои силоҳи сард боқимонда бошад хроматографияи газӣ ва спектрометрияи шуовӣ истифода мегардад. Дар мавриди таҳқиқи захмҳое, ки дар ҷасад, сару либос аз силоҳи сард пайдо мегарданд, силоҳшиносии криминалистӣ бо ташхиси судӣ – тиббӣ пайвастагии сахт дорад, ки дар ингуна ҳолатҳо усулҳои тиббӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

Экспертизаи судии силоҳи сард бо мақсади муайян кардани тааллуқияти он ба шакл, намуди муайян, тарзи сохтани он гузаронида мешавад. Ин намуди экспертизаи судӣ асалан дар ҳамаи муассисаҳои экспертии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷониби экспертиони  соҳавӣ гузаронида мешавад.

Объекти ин намуди экспертиза метавонад инҳо бошанд: халанда (ханҷарҳо, шамшерҳо, акинакҳо (стилеты) найзаҳо), халандаю буранда (кордҳои финӣ, шикорӣ, дашнаҳо (кинжалы); поракунанда-буранда ва халанда (шамшерҳо (сабли), шофҳо (ятаганы), шофҳои дудама, дашнаҳои калон), силоҳи зарбазананда майдакунанда (кастетҳо, кафи дастпушакҳо, шашпарҳо, қамчинҳои шикорӣ, нунчакҳо) инчунин масолеҳ асбобҳо ва  механизмҳо нотайёри силоҳи сард.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 



Яндекс.Метрика