Тадқиқоти техникӣ-криминалистии ҳуҷҷатҳои пластикии ҳисоббаробаркунӣ

Имрўзҳо аз ҳар як даҳ нафар дорандаи   ҳуҷҷатҳои пластикии ҳисоббаробаркунӣ қурбони хатогӣ ё ҷабрдидаи суйиқасди ҷиноӣ мешаванд. Солҳои охир шумораи ҷиноятҳои бо истифодаи воситаҳои ҳисоббаробаркунии замонавӣ содиршаванда зиёд шуда истодаанд. Таҳдиди нисбатан паҳншударо хатари дуздӣ, ғайриқонунӣ истифодабарӣ баъд аз гум кардан, сохтакорӣ ва қаллобӣ ҳангоми гузаронидани трансаксия ташкил медиҳад.

Ҷинояткорӣ дар фазои гардиши ин намуди ҳуҷҷат дар вақтҳои охир сифатан тағйир ёфт, аз содиркунии ҷиноят аз ҷониби шахси алоҳида ва гурӯҳҳои хурд то ҷиноятҳои содиршаванда аз ҷониби гурӯҳҳои муташшакил ва ҷамъияти ҷиноӣ рафта расидааст. Ҷинояткорон техналогияи пешрафтаи замонави ва ҳуҷҷатҳои лозимаи руйпӯшкунандаро истифода бурда, барои амали намудани ҳаракати ҷинояти ширкат ва бонкҳои сохтаро созмон медиҳанд. Аз  рўи маълумотҳои  Европол ин намуди ҷиноят ба ҷиноятҳои вазнини муқобили шахсият ва дахлнопазири алоқаманд аст.

Имрўзҳо одатан барои омодасозии ҳуҷҷатҳои пластикии ҳисоббаробаркунии пурра сохтакоришуда, нишонаи эмитент, ҷой барои имзо, элементҳои ҳимояви ва реквизитҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои пластикии ҳисоббаробаркунии асли ҷойдоштаро истифода мебаранд. Дар ҳолатҳои қисман сохтакорӣ намудан, ҷинояткорон одатан тағйиротҳоро дар якчанд реквизитҳо (масалан, рақам ё ному насаб) ворид менамоянд.

Аз рўи ташхиси гузаронида ба хулоса омадем, ки эмитентҳои ҳуҷҷатҳои пластикии ҳисоббаробаркунӣ одатан фактҳои сохтакории ин намуди маҳсулоти полиграфии ҳимояшударо барои нигоҳдории қиёфаи худ маҳфуз нигоҳ медорад.

Тафтиши ин намуди ҷиноят бе истифодаи донишҳои махсус дар самти тадқиқоти  ҳуҷҷатҳои пластикии  ҳисобаробаркунӣ ғайриимкон аст. Маълумотҳо оиди реквизити ин намуд ҳуҷҷатҳо  талаботҳо ва элементҳои ҳимоявии мавҷуда ба ҳама дастрас ҳисобида намешаванд.



Яндекс.Метрика