ВАБОИ АСР ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Сиёсати терроризм  ин як навъи, идеология аз  амали таҳдид,    фишороварӣ, ғазби ҳокимият намудан, сарнагун кардан, таҷовуз,   аз ҷониби  гурӯҳи одамон ба  ҷомеа, ҳокимият,  давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ аз имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ : «Ҷиноят ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре мебошад, ки боиси марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигар кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, таҳидиди аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимияти қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҳоми кирдорҳои зикршуда мебошад.»

Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Ҳаракатҳои террористӣ гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умуми бо ҳам мутаҳид менамояд: аввал , онҳо барои халалдор сохтани ҷамъиятӣ, суст намудани ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд, дигар ин ки ин ҳаракатҳо дар аҳолӣ ҳиссёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Дар асл  ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳақиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст.  Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд “дар арсаи байналилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст”. Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.

Вазъи имрўзаи  ҷаҳони муосир  сохторҳои қудративу низомиро  водор месозад, ки  самти фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.  Рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм  ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Фаъолияти гурўҳҳо,  созмонҳои террористӣ рўз аз рўз васеъ гашта, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи  кишваррҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Дар  замони муосир  гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро мушаххас муайян намудан ғайри имкон мебошад. Чун, ки њамаи ҳаракатҳо ва  самтҳои  сиёсиву динии хусусияти эктремистӣ дошта, аз усули террор, сарнагун  дар муборизаи сиёсии худ ба таври   махфӣ истифода мебаранд.  Ташкилотҳои   террористон   ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Аз ҷум аз қабили  ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба монанди   Алқоида, ДИИШ ва Толибон мавриди зикр аст, ки  саркардагони онҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва ғаразноки сиёсиии худ, бо шиорҳои фиребона   ҷавонони ноогоҳро ба доми худ  кашида,  тавассути онҳо ҳазорон нафар одамонро қатли ом кардаанд.

Тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон имрўз  баҳри несту нобуд кардани чунин  ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ равона   карда шудаанд.

Ин, зуҳуроти номатлуби террористи, ки аксаран ба дин такя намуда  аз шиорҳои дини  истифода бурда, ба дини мубини Ислом рабте  надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ  шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама  кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар  мебинанд.

Ба назар мерасад, ки баъзеи  созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор   давлатҳо ошкоро  маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро ташкил менамонянд. Фаъолияти ин созмонњо ба  поймолшавии ҳуқуқи инсон,   дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро иборат мебошанд.

Метавон гуфт, ки бар асари  зўроварӣ бо  истифодаи  қувваҳои бадахлоқӣ дар  равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рўбарў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистоне мебинем.

Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм   гуногунанд.  Аз қабили: – сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ; –  пасти маърифати ҳуқуқӣ; – моддӣ; – идеологӣ; – хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ; – пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; – ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; – коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; – хусумати шахсии  роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; – поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ   ва ғайраҳо.  Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ,  носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо   мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои макзур давлатро  мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад.

 

 



Яндекс.Метрика