Баҳои баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба экспертизаи судӣ криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд.

Дар мулоқот аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти кишвар, намояндагони раёсат ва сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати мамлакат, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва коргарони масъули баъзе вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ карданд.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Экспертизаи судӣ барои ошкор намудани ҷиноят мавқеъи муҳимро мебозад.

Сари вақт пурра фош намудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани ашхоси дар ҳақиқат гунаҳгор яке аз омилҳои муҳими мустаҳкам намудани қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати манфиатҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар раванди муборизаи мақомоти махсуси ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа алайҳи ҷинояткорӣ эҳтиёҷ ба ёрии илму фан, касбҳои махсус ва техника пайдо мешавад.

Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз воситаҳои илмию-техникӣ, тарзҳои тактикӣ, усулҳои самараноктарини муосири тафтиши ҷиноятҳои алоҳида ва инчунин дастовардҳои  экспертизаҳои криминалистиро истифода намебурданд, сирри бисёр ҷиноятҳо фош намешуд, ҷинояткорон ошкор нагардида, бе ҷазо мемонданд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол мешуд.

Экспертизаи судӣ дар давраи тараққии худ ташаккул ёфта дар замони ҳозира самти муайяни илмии худро дорад ва назарияи илмии ў дар системаи илмии дониш  мақоми муайяне дорад.

Аз ин рў Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади ху қайд кард, ки санҷиши дурустии амволи ба гарав гузошташуда бо ҷалби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия муайян намудааст, ки арзиши аслии 78 номгӯи амволи тибқи нархгузории аввала 870 миллион сомонӣ нархгузоришуда ҳамагӣ 401 миллион сомониро ташкил дода, комиссияи нархгузорӣ онҳоро дар ҳаҷми 468 миллион сомонӣ барзиёд нарх гузори шудааст.

Ҳангоми тафтиши 47 парвандаи қарзӣ ба маблағи 735 миллион сомонӣ ҳолатҳои талаф ва тасарруфи маблағҳои қарзӣ, изофанависӣ дар арзиши амволи ба ивази қарз гирифташуда, бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ ва бо роҳи сохтакорӣ ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз ба маблағи 490 миллион сомонӣ муайян карда шудааст.

Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи суди ва криминалистии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомти тафтишоти аз ҷумла  прокурорҳо ва судҳоро бо дастовардҳои навтарин дар соҳаи муоинаи судӣ ва талаботи методии таҳияи мавод барои истеҳсолот (парвандаҳо) шинос менамояд.

Аз ин лиҳоз Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи суди ва криминалистии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамаҷониба, пурра ва бо истифодаи комёбиҳои муосири илм ва техника гузаронидани экспертиза, бо кўшишу ғайрати зиёди роҳбарони он   худро бо асосҳои моддӣ-техникӣ таъмин менамояд ва баҳри гузаронидани намудҳои нави экспертизаи судӣ чораҳои дақиқ меандешад. Дар айни замон ҳамаи шўъбаҳо ва бахшҳои Марказ  бо  истифодаи комьёбиҳои муосири илм ва техника  бархурдоранд.

Фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи суди ва криминалистии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда ва пешгирии ҷиноятҳо равона  карда шудааст.

Кормандони Марказ ҳамарўза кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар чи бештар бо  дастовардњои муосири  илму техника шиносоӣ пайдо намоянд.

Экспертизаи давлатии судӣ яке аз самтҳои асоси ва муҳим дар роҳи ифшои ҷиноят мебошад. Ҳамон тавре, ки амалияи мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ нишон медиҳад, ҳамаи ҷиноятҳо танҳо ба воситаи таъин намудан ва гузаронидани ин ё он экспертиза кушода мешаванд.

Барои пешгири намудани ҷиноят корҳои  профилактикӣ  гузаронида мешаванд. Аз ин сабаб, яке аз  паҳлўҳои дигари фаъолияти Марказ, профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо – тадқиқот дар асоси донишҳои махсус ва муайян кардани ҳолатҳое (сабаб ва шароитҳо) мебошад, ки ба қонунвайронкуниҳо мусоидат менамоянд ва  коркардабаромадани роҳу усулҳо омилҳое, ки ин камбудиҳоро ошкору бартараф менамоянд.

Солҳои охир бештари коршиносони судӣ, донишҳои махсуси худро оқилона истифода бурда,  фаъолона ба профилактикаи пешгирии содиршавии ҷиноят шурўъ намуданд ва пешниҳодоти профилактикие, ки онҳо баҳри пешгирии қонунвайронкунињо омода сохтаанд мушаххастар шуда, онҳо мақсаднок ва эътимоднок шуданд.

Пешниходҳои аз ҷиҳати илми асосноккардашудаи экспертони Марказ оиди пешгирӣ ва бартараф намудани ҷиноят, яке аз омилҳои асосии кам намудани содиркунии ҷиноят дар ҷумҳури мебошад.

Кормандони Марказ экспертизаи судиро босалоҳият, беғаразона, мукаммал, бо пуррагии ташхис, асоснокии илмии воситаҳо ва тарзу усулҳои гузаронидани ташхисҳо ва ихтисоснок бо истифодаи ҳарчи бештари комъёбиҳои илм ва техника мегузаронанд.



Яндекс.Метрика