Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст: Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рузи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода  нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.

«Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.»

Каррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хафноки сиёсие баҳисоб меравад,ки он барои амали гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа барпо намуда намегузорад маблағҳои давлати барои барномаҳои пешбинишуда амали гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудрати омадани шахсони тасодуфи заминаи асосиро гузорад.

Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқи ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.



Яндекс.Метрика