Машварати шашуми Вазирони адлияи давлатҳои СҲШ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Санаи 03 то 04 майи соли 2018 ҷаласаи якуми экспертон ҷиҳати тайёр намудани Машварати шашуми Вазирони адлияи давлатҳои СҲШ (Созмони Ҳамкории Шанхай), инчунин гурӯҳи кории экспертон оиди фаъолияти судӣ – экспертӣ  ва  хизматрасонии ҳуқуқии машваратии Вазирони адлияи давлатҳои аъзои СҲШ Айдарбеков Айдарбек Қуботович ва Сардори шӯъбаи байналмиллалии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар баробари экспертони Ҷумҳурии Тоҷикистон  экспертон аз 7 давлат иштирок доштанд;

Ҷумҳурии Ҳиндустон.

Ҷумҳурии Қирѓизистон.

Ҷумҳурии Қазоқистон.

Ҷумҳурии Узбекистон.

Ҷумҳурии Халқии Хитой.

Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Федератсияи Руссия.

Дар рафти ҷаласа иштирокчиён рӯзномаи машваратии дар пешистодаи Вазирони адлияи давлатҳои – аъзои СҲШ, масъалаҳои ҳамкории Вазирони адлияи давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи ҳуқуқ, фаъолияти экспертизаи судӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар самти расонидани кӯмаки ҳуқуқии тарафайн бо парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласаи якум коршиносон таҳияи Машварати шашуми вазирони адлияи давлатҳои –аъзои СҲШ лоиҳаи Рузномаи Машварат, маъсалаҳои баррасишавандаро дар Машварат ва пас аз таҳлил ва баррасӣ ба як фикри умумӣ (консенсус) расида, лоиҳаи Изҳороти Муштаракро аз натиҷаи Машварат таҳия намуда,  маводҳо ба муҳокимаи Машваратии вазирони адлияи гузошта шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки роҳбарияти Вазорати адлияи давлатҳои аъзои СҲШ ҷаласаи машваратиро мунтазам барои дида баромадани масъаллаҳои машаххас оиди ташкили тарафайн дар соҳаи ҳуқуқ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ мегузаронанд. Ҷаласааи якуми машваратии Вазирони адлияи давлатҳои аъзои СҲШ 2013 сол дар шаҳри Пекин бо мизбонии ҷумҳурии халқии Хитой баргузор гардид.

Машварати Вазирони адлияи ҳаз рӯи навбат дар яке аз давлатҳо-аъзои  СҲШ баргузор шуда, фаъолияташро тибқи муққарароти Низомнома дар бораи Машваратҳои роҳбарони вазорат ва ё мақомоти давлатҳо-аъзои СҲШ ба роҳ монда аст.

Вазифаи машварати мазкур ин ҳамоҳангсозиии татбиқи сиёсати ҳуқуқии фаъолияти СҲШ мебошад.

Иштирок дар чорабинии мазкур барои мубодилаи таҷриба, такмили соҳаи фаъолияти судӣ-экспертӣ, ҷорӣ намудани методҳои нав дар муассисаҳои экспертӣ  ва пешрафти фаъолияти соҳавӣ  як такони ҷиддӣ мебошад.



Яндекс.Метрика