Кушодашавии филиали МҶЭС ва К дар ВМКБ

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар раёсатҳои соҳавии филиали дар Хоруғ-будаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки яке аз марказҳои илмӣ-методӣ дар ВМКБ оид ба мушкилотҳо дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи экспертизаи давлатии судӣ ин таъмини пурраи талаботи мақомоти ҳивзи ҳуқуҳ ва суд бо истифодаи донишҳои махсуси илмӣ ҳангоми таҳқиқ ва дида баромадани парвандаҳои гуногуни Ҷиноятӣ, гражданӣ ва парвандаҳои маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

Истифодаи васеъи донишҳои махсус дар соҳаи экспертизаи судӣ имконияти дида баромадани ин соҳаи адолати судӣ ҳамчун мурофияи мустақил ва боз ҳам механизми ташаккулёфтаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ва инчунин манфиятҳои давлат бо ёрии гузаронидани экспертизаҳои илман асоснокшуда ва тадқиқотҳои экспертӣ дида мебарояд.

НаҚши торафт афзояндаи экспертизаи судӣ дар кушодани ҷиноятҳо ва зарурияти ташаккули ояндаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси экспертҳои криминалист асос барои кушодан дар базаи Марказ филиали дар шаҳри Хоруғ-буда мебошад.

Муҳимияти наҚши фаъолияти экспертизаи судиро ба роҳбарият назар гирифта дар шаҳри Хоруғ санаи 16 ноябри соли 2017 бинои нави экспертизаи судӣ бо таъмири ҳаммаи воситаи техникї кушода шуд.

Дар кушодашавии филиали дар ш.Хоруғ-буда намояндаи Вазорати адлия  Раҳимов М ва намояндагони Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҶикистон Юлдошов Э. ва Айдарбеков А.Қ. иштирок намуданд.



Яндекс.Метрика