Шӯъбаи экспертизаи судӣ техникаи-компютерӣ ва видео-овозшиносӣ

Самти афзалиятноки фаъолияти шӯъбаи ташхиси техникаи компютерӣ ва видео-овозшиносӣ ин риояи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,мустакиляти коршиноси судӣ мустақилии муассисаи экспертизаи давлати судӣ, салохиятноки, бегаразӣ, мукаммалӣ ва пуррагии экспертиза, асоснокии илмии воситаҳо ва тарзу усулҳои гузаронидани тадқиқот, риояи одоби касбй асос меёбад.

Риоя ва иҷрои қонун, на танҳо масъулияти баландӣ экспертиро тақозо менамояд, балки назорати доимии истеҳсолотӣ экспертиро низ талаб мекунад.

Дар давраи ҳозира ҷиноят ба воситаи истифодаи техникаи компютерӣ ва тачҳизотҳои сабткунанда аз тарафи ҷинояткорон торафт афзуда истодааст.

Имкониятҳои техникаву технологияи муосир, бахусус интернет, имруз барои рушди илму фарҳанг ва пешрафти ҳаёти ҷомеъа нақши муҳим доранд.

Аммо тавре ки мушоҳида мешавад, имруз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади чиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ба таври васеъ истифода мегарданд.

Вобаста ба ин, ҳамаи коршиносони судӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуҳуқвайронкунӣ дар ҷомеъа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон. бо дарназардошти воқеияти имруза, аз ҷумла пешгирии кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро оид ба додани хулосҳоро роҳандозӣ намоянд.

Дар ҷараёни мубодилаи афкор масъалаҳои муҳим доир ба терроризм, аз ҷумла оид ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, ки дар он асосҳои мубориза бар зиддӣ ин ҷинояти ба ҷамъият хавфнок муайян карда шудааст ва ҷавобгарии ҷиноятӣ мувофиқи Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (фасли 8 боби 21 ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятй), дар моддаи 179 ҷавобгарии ҷиноятиро барои ин намуди ҷиноят ва дар боби 29 (ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат), дар моддаи 310 ҷавобгариро барои таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумхурии Тоҷикистон (акти террористӣ) пешбинӣ намудааст, таҷрибаи татбиқи ҳуқуқӣ ва мусоидат ба такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон кайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади муайян кардани конунӣ ва асоснок будани санадҳои судии ба ҷиноятҳои терроризм вобаста, аз ҷониби Судӣ Олӣ солҳои 2002 ва 2006 омӯзиш ва ҷамъбасти амалияӣ судӣ доир ба ин парвандаҳо гузаронида шуда буд.

Имрӯз аз ҷониби коршиносони Марказ дар ин самт корҳои зиёде амалӣ гардида оиди пешгирии ҷиноятҳо як қатор семинарияҳои илмӣ назариявӣ бо кормандони мақомоти таҳқиқкунанда дар мавзӯъи «Мубориза бо тероризм ва ифротгароӣ» гузарониданд.

Бо баробари соҳибистиқлолиро ба даст овардани Тоҷикистон зарурати аз нав кардани заминаҳои ҳуқуқии экспертизаи судӣ низ ба миён омад.

Бо назардошти аҳамияти донишои махсус дар рушди ҷомеъа ва давлат, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори қонунгузорӣ пайдо кард. 25 июли соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» қувваи амалӣ пайдо кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меояд, танзим менамояд. Ба Қонуни номбурда аз соли 2007 ва соли 2011 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ин санад дар фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ санади муҳими ҳуқуқӣ буда, мувофиқ бо тарзи нави системаи ҷамъияти мебошад.

Талаботи мақомоти таҳқиқкунанда ба донишҳои махсус дар соҳаи ташхиси техникаи компютерӣ ва видео овозшиносӣ зиёд гардид ва соли 2010 шӯъба таъсис дода шуда аз мутахассисони баланд ихтисос ва таҷҳизотҳои техники таъмин гардид. Дар муддати 5 сол зиёда аз 350 ташхис аз тарафи мутахассисон гузаронида шуд, ки зиёдшавии он 150% ташкил намуд. Аз замони таъсисёби то ин вақт шӯъба аз таҷҳизотҳои замонавӣ хеле инкишоф ёфтааст. Ҳоло дар шӯъба 3 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд, ки дар таҳким ва волоияти Қонун дар Ҷумҳури саҳми арзандае мегузоранд.



Яндекс.Метрика