Шӯъбаи экспертизаи судии муҳандисиву сохтмонӣ

Дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ (МЧЭС ва К) дар баробари дигар сохторҳо шубаи ташхиси судии сохтмонӣ фаъолият мекунад, Нахустасоси таъсисёбии Марказ дар ҷумҳурии мо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1959, № 451 «Дар бораи ташкил кардани лабораторияи илмӣ-тадқиқотии кри­миналисти» буд, ки дар он экспертҳои алохидаи соаҳои мухталиф фаъолият мекарданд. Соли 1967 гурӯҳи экспертҳо ба шуъбаҳо табдил ёфта, экспертизаҳои ҳисобдорӣ ва шуъбаи ҷамъбасткунӣ ва иттилоот ташкил шуданд. Дар шуъбаи зкспертизаҳои ҳисобдорӣ коршиносони соҳаи сохтмонӣ-молшиносӣ ва муҳосибӣ ташхисҳои соҳавиро мегузарониданд, ки ин намуди ташхисҳо дар ҷумҳурӣ Маркази асосии илмию методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ-сохтимонӣ ба хисоб мерафт.

Дар солҳои аввали мавчудият экспертҳои соҳаи сохтмонӣ истеҳсоли ташхисҳоро на фақат барои мақомоти судӣ-тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои баъзе вилоятҳои Узбекистон, Қиргизистон ва Туркманистон низ ба ҷо меоварданд.

Нақша торафт афзояндаи санчиши судӣ-сохтмонӣ дар ошкор кардани ҷиноятҳо, за- рурати боз ҳам тарақӣ додани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷуд будани кадрҳои баландихтисоси коршиносони соҳаи сохтмонии Марказ имкон доданд, ки коршиносони судиро дар соҳаи сохтмонӣ дар вилояти Суғд , вилояти Хатлон тайёр намоянд ва ҳоло бошад дар филиалҳо мутахассисон баланд ихтисоси сохаи сохтмрнӣ фаъолият доранд. 18 феврали соли 1998 бошад, Лабора­тория бо қарори хукумати Ҷумҳури тах­ти №44 Маркази ҷумҳуриявии экспер­тизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд дар баробари ин дар Марказ шуъбаи ташхиси судӣ сохтмони – молщиносӣ таъсис дода шуд.

Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар рушди ҷомеъа ва давлат, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори конунгузорӣ пайдо кард. 25 июли соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» эътибори хукукӣ пайдо кард, ки асосҳои хукукӣ ва вазифахои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи дав­латии судӣ ба вуҷуд меояд, танзим менамояд. Ба қонуни номбурда соли 2007 ва соли 2011 тағиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ин санад дар фаъолияти эксперти­заи давлатии судӣ санади муҳими хуқуқӣ буда, мувофиқ бо шароити нави низоми ҷамъиятист.

Ва дар ин замина нақши торафт афзояндаи экспертизаи судии сохтмонӣ ва талабот ба ин соҳа аз тарафи мақомоти таҳқикунанда ва шахсони вқеъи ва ҳуқуқӣ зарурият ба таъсис додани шӯъбаи алохида ба миён омад. Соли 2008 шуъбаи ташхиси судӣ-сохтмонӣ ва мухандисӣ дар Марказ таъсис дода шуд.

То замони истиқлол ҳамаи маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба фа­ъолияти экспертизаи давлатии судӣ сохтмонӣ танҳо бо забони русӣ гирд оварда шуда буданд. Коршиносон низ хулосаро танҳо бо забо­ни русӣ омода месохтанд. Имруз дар шуъбаи Маркази Ҷумҳуриявии Экспертизаи Судӣ ва Криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам коргузорӣ ва ҳам гузаронидани экспертизаҳо пурра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст

Ҳоло дар шуъбаи Марказ 8 нафар мутахассисон фаъоли­ят менамоянд, ки дар таҳким ва волоия­ти қонун дар ҷумҳурӣ саҳми арзандае мегузоранд хар сол дар шуъбаи судӣ-Сохтмонии Маркази ҷумхуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ бештар аз 700 экспертиза гузаронида мешавад

Шуъбаи Маркази чумхуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ба туфайли мунтазам баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кормандон имруз тадқиқи объектҳои сохтмонӣ ва ғайраро бо муваффақият ба ҷо меоварад.



Яндекс.Метрика